Чорабинии омӯзишӣ оид ба Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият

16 ноябр 2023

Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» бо иштироки доираи васеи кормандони дастгоҳи марказии Бонк оид ба Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) чорабинии омӯзишӣ гузаронида шуд.

Вобаста ба ин ҳуқуқшиноси асосии дастгоҳи Раиси Раёсати Бонк – Юсупов Б.Г. бо рӯнамо баромад намуда, иброз доштанд, ки тибқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, таҳти №222 тасдиқ шудааст, гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дар тамоми корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тибқи талаботи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) бояд таъмин карда шавад.

Чунончӣ дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, № 465 «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» тамоми вазорату идораҳо, ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидоре, ки аз нисф зиёди сармояи онҳоро ҳиссаи давлат ташкил менамояд, вазифадор гардидаанд, ки Методологияи мазкурро дар амал татбиқ намуда, ҳамасола оид ба корҳои анҷомдода бо ҷамъбасти сол ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот ирсол намоянд.

Методологияи мазкур 3 давраи таҳлили фаъолияти хавфҳои коррупсиониро дар бар гирифта, ҳар як давраи он аз 3 марҳилаи иҷроиш иборат мебошад.

Қайд гардид, ки марҳилаи дуюми Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) бевосита ба пурсиши кормандони Бонк бахшида шуда, бо мақсади санҷиши дуруст ва баҳодиҳии хавфи коррупсионӣ пурсиши кормандони Бонк тибқи саволнома, ки намунаи он дар замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 № 465 нишон дода шудааст, гузаронида мешавад.

Саволномаи мазкур аз доираи фаъолияти корманд дар Бонк, аз ҷумла аз уҳдадориҳои вазифавӣ, вобаста ба тартиби кор дар Бонк, махсусан рафтору кирдори корманд бо роҳбари бевоситаи худ ва дигар кормандон, вобаста ба пешбурди коргузорӣ ва тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои махфӣ, вобаста ба истифодаи воситаҳои пулию молӣ, оид ба хариди молу хизматрасонӣ, оид ба тўҳфа ва даромади иловагӣ, ва дигар саволҳо иборат буда, дар маҷмўъ 70 намуди саволҳоро дар бар мегирад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк