Иштироки гурӯҳи кории КВД БА ҶТ "Амонатбонк" дар чорабинии табодули таҷриба дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус
16 май 2023
Санаи 11-12 майи соли ҷорӣ гурӯҳи кории Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"" таҳти роҳбарии Муовини Раиси Раёсати Бонк мӯҳтарам Сайфзода Шаҳло Ҷамол ҷиҳати иштирок дар чорабинии табодули таҷриба дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай, ки бо ташаббус ва даъвати роҳбарияти ҶС "Беларусбанк" баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинии мазкур, роҳбарияти ҶС "Беларусбанк" ташрифи ҳайати расмии Амонабонкро хуш пазируфта аз ҳамкориҳои байни бонкҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Сипас аз ҷониби роҳбарони воҳидҳои сохтории Беларусбанк рӯнамоиҳо дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла: Стратегия рушди Беларусбанк, бизнеси байналмилалӣ дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, амалиётҳои ҳуҷҷатнигорӣ, барномаи дастгирии потенсиали содиротии Белорус, раванди рақамикунонӣ, рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва кортҳои бонкӣ баргузор гардида, саволу ҷавобҳо вобаста ба мавзӯъҳои болозикр мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, санаи 12 май тибқи барномаи чорабинии мазкур, гурӯҳи кории Амонатбонк ба яке аз филиалҳои ҶС "Беларусбанк", ки дар шаҳри Минск қарор дорад ташриф оварда аз рафти ҷараёни корӣ ва ташкили кор бо мизоҷон дидан намуданд. Илова бар ин, бо ташаббуси роҳбарияти Беларусбонк, ҳайати расмии Амонатбонк ба Корхонаи истеҳсолии автомашинаи "БелАЗ", ки яке аз муштариёни асосии ҶС "Беларусбанк" ба ҳисоб меравад, ташриф бурда аз ҷараёни истеҳсолоти автомашинаҳои БелАЗ дидан намуданд.
Дар фарҷоми чорабинии мазкур ба иштирокчиён чорабинии табодули таҷриба аз ҷониби роҳбарияти ҶС "Беларусбанк" Сертификатҳо тақдим карда шуд.
Дар маҷмуъ мавзӯъхое, ки дар кори чорабинии табодули таҷриба мавриди баррасии иштирокдорон қарор дода шуданд, ба талаботҳои имрузаи ҷаҳони муосир ҷавобгӯй буда, ҷиҳати дар ин самт ба роҳ мондани фаъолияти Бонк ва филиалҳои он заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.