Таҷлили Рӯзи байналмилалии оила дар Амонатбонк

16 маи 2023

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки роҳбарият, кормандон ва меҳмонони даъватгардида, шоираи ширинкалом Меҳринисо ва яке аз оилаҳои намунавӣ аз ҳисоби кормандони собиқадори Бонк, ҳамоиш баргузор гардид.

Нахуст Раиси Раёсати Бонк мӯҳтарам Икромӣ С.С. ҳамагонро бо ҷашни фархундаи Рӯзи байналмилаии оила табрику таҳният намуда, зикр карданд, ки оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Бо таваҷҷуҳ ба дастгирии ҳамешагии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии занон ва бонувон қайд гардид, ки дар Амонатбонк наздики 3000 нафар кормандон фаъолият доранд, ки ҳар кадоме аз онҳо ҷузъе аз ҳар як оила ҳастанд. Бахусус шумораи бонувон, ки дар кори оиладорӣ тарбияи фарзанд ҳамчун зан-модар мавқеи меҳварӣ доранд, дар Бонк сол аз сол зиёд шуда истода, ба 1360 нафар расидааст, ки 46%-и шумораи кормандони соҳаро ташкил медиҳад.

Дар идома шоираи ширинкалом Меҳринисо ва оилаи намунавӣ аз ҳисоби корманди собиқадори Амонатбонк низ баромад намуда, иброз доштанд, ки оила дар ҳама давру замон ҷиҳати ташаккулёбии ҷомеа ва рушди фархангу маънавиёти миллату давлатҳо нақши созгор дорад. Зеро калиди ҳама гуна дастоварду пешравии ҷомеа, оилаҳои солиму устувор ба шумор мераванд.

Сипас аз абёти тозаэҷоди Меҳринисо дар васфи зан-модар ва бузургдошти оила шеърҳои пурмазмуне шунида шуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк