Форуми байналмилалии ҷавонон дар мавзӯи "Роҳ ва усулҳои расидан ба мувафақияти касбӣ"

16 маи 2023

Санаи 16 майи соли 2023 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Моҳвораи ҷавонон ва 23 – май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Форуми байналмилалии ҷавонон бо мақсади рушди сармояи инсонӣ дар мавзӯи "Роҳ ва усулҳои расидан ба мувафақияти касбӣ" баргузор гардид.

Дар доираи форуми мазкур нахуст Фестивали касбу кор баргузор гашта, корҷӯён бо намоянданони ширкатҳои давлатӣ ва хусусиву тиҷоратӣ вобаста ба ҷойҳои корӣ, имтиёзу бастаҳои иҷтимоӣ ва шароити дигари фаъолият суҳбат намуданд.

Дар баробари дигар ташкилоту корхонаҳои давлатӣ Амонатбонк низ дар Форуми байналмилалии ҷавонон ширкат варзида, ҷойҳои кории холии хешро ба корҷуён пешниҳод намуда, маҳсулот ва хизматарсониҳои бонкии худро муаррифӣ намуд.

Дар қисмати дуюми форум ташкилотҳои қарзии кишвар бо рунамо дар мавзуи дастгирии ҷавонон, интихоби касб, зинаи касбӣ, стратегияи ҷустуҷуи кор ва ғайра баромад намуданд.

Аз ҷониби Амонатбонк Сардори идораи кормандони Бонк Фарухзода С. дар мавзуи “Амонатбонк ва ҷавонон” баромад намуда, оид ба шарту шароити корӣ, фаъолияти назарраси ҷавонон, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва дар умум саҳми бевоситаи ҷавонон дар рушду пешрафти Амонатбонк бо рунамо баромад намуданд.

Дар анҷоми рунамо ба шунавандагони фаъоли Форум туҳфаҳои хотирмон аз номи Амонатбонк тақдим гардид.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк