Иштироки раиси Раёсати КВД БА ҶТ "Амонатбонк" Салимзода Алиҷон Абдуҷалол дар чорабинии «Ташхис оид ба навовариҳои бонкӣ»

15 май 2024
Санаи 15 майи соли 2024, дар шаҳри Барселонаи Шоҳигарии Испания бо ташаббуси Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ (WSBI) ва бо дастгирии бевоситаи Кайша бонки Испания (Caixa Bank) чорабинии «Ташхис оид ба навовариҳои бонкӣ» баргузор гардид. 

Дар чорабинии мазкур аз 21 кишвари олам роҳбарони беш аз 70 бонкҳои аъзои WSBI иштирок намуданд. 
Дар ҳошияи баргузории чорабинии мазкур мулоқоти дуҷонибаи раиси Раёсати Амонатбонк Салимзода Алиҷон Абдуҷалол бо Директори WSBI Симонс Питер ва раиси Раёсати Кайша бонки Шоҳигарии Испания Хосе Эгнасио баргузор гардид. 

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз натиҷаи баргузории чорабинӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки омодаанд дар оянда таҷрибаи пешрафтаи Кайша бонкро дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ дар фаъолияти дигар бонкҳои аъзои WSBI, амалӣ намоянд. 

Амонатбонк ҳамчун Институти молиявии давлатӣ ва пиёдакунандаи як ҳиссаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамеша кушиш ба харҷ медиҳад, ки дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии кишварро ҷиҳати рушд додани маҳсулотҳои рақамӣ, саривақт иҷро намояд.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк