Баргузории ҷаласаи навбатии ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай

16 май 2024

Ҳайати кории КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо роҳбарии муовини раиси Раёсати Бонк Ризвонзода Фирдавс Зикр санаи 16 майи соли ҷорӣ дар кори ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ), ки таҳти раисии Бонки рушди Қазоқистон ба таври маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва маърўза намуданд.    

Дар кори ҷаласа ҳайатҳои расмии бонкҳои аъзои ИББ СҲШ тибқи рўзнома чунин масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор доданд:

 — Ташаббусҳои бонкҳои аъзо оид ба вусъат бахшидани ҳамкориҳои байнибонкӣ дар доираи Иттиҳоди байнибонкӣ;

— Таҳия ва татбиқи шаклҳои нави ҳамгироӣ бо мақсади баланд бардоштани самти маблағгузории муштараки лоиҳаҳо, аз ҷумла, лоиҳаҳои ESG байни бонкҳои аъзои ИББ СҲШ;

— Ҳамкории бонкҳои аъзои Иттиҳод дар самти табодули таҷриба ва бозомўзии мутахассисони бо мақсади баланд бардоштани иқтидори онҳо;

— Баррасии санаҳои баргузории ҷаласаи навбатии Шўрои ИББ СҲШ.

Ҳамчунин, дар рафти ҷаласа лоиҳаи Ёддошти тафоҳум ҷиҳати ҳамкорӣ дар самти маблағгузории ESG байни бонкҳои аъзои ИББ СҲШ-ро мавриди муҳокима қарор гирифта, барои ба имзо расонидани ҳуҷҷати мазкур дар ҷаласаи Шўрои ИББ СҲШ пешниҳод карда шуд.



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк