Иштироки Филиали №13-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар ярмаркаи пешниҳоди ҷойҳои кории холӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

16 май 2024

Санаи 16-уми майи соли ҷорӣ бо ибтикори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар назди қасри фарҳанги ноҳия ярмаркаи пешниҳоди ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид.

Ярмаркаи мазкур бо иштироки ташкилотҳои қарзӣ баргузор гардида, намояндагони филиали №13-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” низ дар фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои кории холии худро пешниҳод намуданд.

Дар баробари ин масъулини филиал ба иштирокдорони ярмарка оид ба хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ маълумот пешниҳод намуда, варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуданд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк