“Конститутсия шоҳсутун ва шиносномаи давлат”

04 ноябри 2022

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки роҳбарият, ҳайати кормандон ва доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Маҳмад Забир ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. ҳамагонро бо 28-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки дар Конститутсия таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи асосии давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағийрнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид.

Сипас сардори идораи ҳуқуқи БДА ҶТ “Амонатбонк” Шоира Маҷидиён низ ба суханронӣ баромада, перомуни моҳият ва арзиши қонуни олии давлат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Мавсуф зикр намуд, ки дар Конститутсия таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи асосии давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид.

Ҳамзамон доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Маҳмад Забир баромад намуда, Конститутсияро шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъинкунандаи сарнавишти миллати тоҷик номида, қайд намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар буда, барои ҳифзи истиқлолият, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк