Курсҳои омӯзишии маърифати ҳуқуқӣ дар Амонатбонк
Санаи 21 феврали соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Бонк аз ҷониби ҳуқуқшиноси асосии дастгоҳи Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Юсупов Б.Г бо иштироки роҳбарият ва кормандони масъули филиалҳои Амонатбонк дар шаҳри Душанбе семинари омўзишӣ дар мавзўи «Дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гардид. Дар он масъалаҳо вобаста ба роҳу усулҳои иҷрои нақшаи чорабиниҳои зиддикоррупсионии Бонк изҳори ақида карда шуд.
Махсусан дар бораи интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо бо роҳи гузаронидани озмун, аттестасия, ҷойивазкуни (ротатсия)-и кормандони Бонк, амалӣ ва тақвият намудани чораҳо оид ба ҷорӣ намудани низоми ягонаи иттилоотӣ баҳри кам намудани робитаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо кормандони Бонк, инчунин муайян намудани рақами телефони боварӣ доимоамалкунанда ва фаъол нигоҳ доштани сомонаҳои расмӣ, баланд бардоштани масъулияти кормандони Бонк зимни додани қарзҳои бонкӣ, рушди муназами сомонаҳои расмӣ ва интишори маълумот оид ба пешгирии коррупсия, андешидани чораҳои муассир ҷиҳати пешгири намудани тасарруф ва ҳолатҳои дигари коррупсионӣ ҳангоми истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ва дар ин замина таъмини шафофият дар раванди иҷрои он изҳори ақида карда шуд.