Оид ба қатъ гардидани фаъолияти низоми пардохтии интиқоли маблағҳо “CONTACT”

29 феврали 2024

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки бо қарори Бонки марказии Федератсияи Россия аз санаи 21 феврали соли 2024, №ОД – 266 иҷозатнома барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ аз КИВИ БОНК, ки оператори низоми пардохтии “CONTACT” мебошад, бозхонд гардид.

Дар ин асно, фаъолияти низоми пардохтии “CONTACT” дар тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби маъмурияти муваққатии КИВИ БОНК пурра маҳдуд карда шуда, пардохт ё бозхонди маблағҳои қаблан интиқолшуда ғайриимкон гардид.

Ба диққати шаҳрвандон расонида мешавад, ки айни ҳол муаммои гирифтани маблағҳои тавассути низоми мазкур интиқолгардида ва бозпас гирифтани маблағҳои интиқолшуда ҷой дорад.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳолати мазкурро зери назорат ва мониторинг қарор дода, бо намояндагони низоми болозикр дар тамос мебошад ва ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои низом дар назди шаҳрвандон корбарӣ намуда истодааст. Ҳамзамон дар мавриди пайдо гардидани маълумоти нав иловатан хабар дода мешавад.

  

Шуъбаи матбуоти БМТ
https://nbt.tj/tj/news/560601/


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк