Машварати кории назди Муовини Раиси Раёсати Бонк бо занону бонувони саридора ва филиалҳои Амонатбонк дар шаҳри Душанбе

04 марти 2024

Дар Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” таҳти роҳбарии муовини Раиси Раёсати Бонк Сафарзода Рукмина Сафар, бо иштироки Шўрои занони КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ва шумораи наздики 400 нафар занону бонувони саридора ва филиалҳои Амонатбонк дар шаҳри Душанбе машваратӣ корӣ дар мавзўи «Нақши бонувон дар пешрафти фаъолияти Амонатбонк» баргузор гардид.

Дар оғоз муовини Раиси Раёсати Бонк Сафарзода Рукмина иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон, бо таваҷҷуҳи хоси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми зан-модар, дар заминаи қабули санадҳои меъёрии ҳукуқӣ, бештар афзалият дода шуда, тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Ин аст, ки занону бонувони кишвар дар радифи рисолати модарӣ, бо як нерўи хосса дар тамоми соҳаҳо фаъолияти пурсамар доранд.

Дар рафти ҳисоботи Шўрои занони КВД БА ҶТ «Амонатбонк», аз ҷониби раиси шӯро Раҳимзода Шаҳло қайд гардид, ки дар Амонатбонк ба ҳолати имрўза шумораи 1392 нафар занону бонувон фаъолият доранд, ки 47%-и кормандони бонкро ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти баланд бардоштани мақому манзалати зан, имрўзҳо дар Бонк 28 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва 65 нафар ҳамчун сардорони воҳидҳои сохторӣ фаъолият доранд.

Маврид ба зикр аст,ки дар заминаи эътимод ва дастури бевоситаи Пешвои муаззами миллат ва дастгирию таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти Бонк, шумораи бонувон дар Амонатбонк сол аз сол зиёд гардида истодааст.   

Дар идомаи сухан, зимни рўнамо оид ба дастовардҳои занон ва бонувони фаъоли Амонатбонк ёдовар шуда, иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2023 дар Бонк 15 маротиба озмуни ишғоли вазифаҳои холӣ бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он шумораи 629 нафар довталабон иштирок карданд, ки аз онҳо 473 нафар, аз ҷумла 269 нафар бонувон ба кор қабул гардиданд (57%).

Зимни мулоқот муовини Раиси Раёсати Амонатбонк Рукмина Сафарзода таъкид намуданд, ки мо занону бонувони Бонк таҳти сиёсати   ягонаи пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намуда, бо шукргузорӣ аз садоқату муҳаббаташон ба меҳани аҷдодӣ бояд бо натиҷаҳои баланди молиявӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифату саривақтии бонкӣ ба муштариён, бахусус бо нишон додани одоби баланди касбӣ, бо роҳи муомила, муошират ва муносибати хуб, инчунин дилу нияти пок ва беғаразона худро муаррифӣ намоем.

Чунки нақш ва мавқеи Амонатбонк, ҳамчун бонки давлатӣ, маҳз дар симои ҳар як корманди Бонк, ки хизматрасониҳои бонкиро ба муштариён пешниҳод менамояд, баҳо дода мешавад.

Ҳамзамон, ба ҳозирин дастур доданд, ки доир ба тозагии биноҳои филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва кўчаву хиёбонҳои атрофи биноҳо, то тозагии манзилҳои истиқоматиашон масъулияти дучандро нишон диҳанд. Чунки зан худ олиҳаи ҳусн аст ва тозагию ободкорӣ чӣ дар хона ва чӣ дар коргоҳ аз зан вобастагии зиёд дорад.

Дар баробари ин, дар ҷаласа масъалаи бо як шукуҳу шаҳомати хосса ва ҳисси баланди миллӣ омодагӣ ва таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврўз низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк