Мулоқоти дуҷонибаи раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо муовини раиси ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport»-и Ҷумҳурии Қазоқистон

28 феврали 2024

Санаи 28 феврали соли ҷорӣ дар бинои марказии Амонатбонк мулоқоти дуҷонибаи раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Салимзода Алиҷон Абдуҷалол бо муовини раиси ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport»-и Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Мукажанов Куаныш Амангелдиевич, баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Боиси қайд аст, ки мулоқот дар фазои дўстона баргузор гардида, ҷонибҳо аз натиҷаи ҳамкориҳо изҳори қаноатманди карда, иброз доштанд, ки дар оянда муносибатҳоро дар самти маблағгузории савдо ва кушодани хатҳои аккредитивї боз ҳам густариш диҳанд.

КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ҳамкориҳоро бо ҶС «Ширкати содиротиву суғуртавии KazakhExport»-и Ҷумҳурии Қазоқистон аз соли 2020 оғоз намуда, то ба имрўз тавассути Ширкати мазкур ба 15 лоиҳаҳои мухталифи ширкатҳои ватанї дар ҳаҷми беш аз 23,5 млн доллари ИМА, сармоягузорї намудааст.

 


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк