Мулоқоти дуҷонибаи раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо директори Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузори ва чакана (WSBI

27 феврали 2024

Дар доираи ҳамкориҳои пурсамари Бонк бо ташкилотҳои молиявиии байналхалқӣ санаи 27 феврали соли 2024, мулоқоти маҷозии дуҷонибаи раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Салимзода Алиҷон Абдуҷалол бо директори Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана муҳтарам Питер Саимонс оид ба густариш додани ҳамкориҳои судманд бо ин ниҳоди молиявии байналхалқӣ, баргузор гардид. 

Қайд кардан ба марид аст, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатманди намуда, иброз доштанд, ки дар ояндаи наздик Нақшаи кории муштарак таҳия намуда, муносибатҳои шарикиро дар сатҳи нав қарор диҳанд.

Боиси ёдоварист, ки ки Амонатбонк аз соли 2004 инҷониб, аъзои Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузор ва чакана буда, то имрўз бо ин ниҳоди байналмилалӣ дар самтҳои мухталиф ҳамкорӣ намуда истодааст.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк