Муҳокимаи натиҷаи санҷиши ҳуҷҷатӣ- маҷмуии фаъолияти филиалҳои КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд.
Бо иштироки Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С., ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони филиалҳои “Амонатбонк” дар вилояти Суғд муҳокимаронии натиҷаи санҷиши ҳуҷҷатӣ- маҷмуии фаъолияти филиалҳои КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар оғоз ҳисоботи директори Департаменти аудити дохилибонкӣ Ҷумъазода А. вобаста ба санҷиши ҳуҷҷатӣ-маҷмуии фаъолияти филиалҳои КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд шунида шуд.
Сипас натиҷаи санҷиши ҳуҷҷатӣ-маҷмуии фаъолияти филиалҳо аз ҷониби Раиси Раёсат мавриди баррасӣ қарор гирифта шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва пурзур намудани назорат аз рӯи амлиётҳои ҳамаруза дастуру супоришҳои мушахас дода шуд.
Роҳбарияти Бонк вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, риояи қатъии қоидаҳои одобу муошират бо мизоҷон, эҳсоси баланди масъулиятшиносии кормандон, тарғибу ташвиқи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои молиявӣ, ҷалби ҳарчи бештари занону бонувони соҳибкасб ба фаъолият дар Бонк ва пешниҳоди ҳарчӣ бештари қарзҳо ба аҳолӣ, алалхусус ба соҳибкорзанони мамлакат, дастур доданд.