Мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо Роҳбари ҳайати кории Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ

28 ноябр 2023

Ҳайати кории Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ таҳти роҳбарии Алайн Ноунке-роҳбари минтақавии Осиёи Марказӣ ва Туркия, ҷиҳати мулоқоти дуҷониба бо Раиси Раёсати “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С.С. ба бинои марказии “Амонатбонк” ташриф оварданд.

Ҳадафи аслии мулоқоти дуҷониба ин пеш аз ҳама баррасӣ намудани дастрасии қарзҳо аз “Амонатбонк” бо асъори миллӣ ва ҳадафҳои дурнамои рушди “Амонатбонк” барои 3-5 соли оянда иборат буд.

Дар оғози мулоқот Раиси Раёсати “Амонатбонк” Икромӣ С.С. вобаста ба натиҷаи фаъолияти молиявии Бонк давоми 10 моҳи соли 2023 бо рунамо баромад намуда, ҳайати мазкурро бо дастовардҳои молиявии Бонк ошно намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна, “Амонатбонк” дар ҳолати устувори молиявӣ қарор дошта, рўз то рўз ҷойгоҳи худро дар низоми бонкии кишвар устувор намуда истодааст.

Роҳбари ҳайати кории Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ Алайн Ноунке низ қайд намуд, ки дар ҳақиқатан имрўз “Амонатбонк” яке аз бонкҳои низомсози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, имкониятҳои молиявиаш имкон медиҳанд, ки дар рушди макроиқтисодии мамлакат саҳми назаррас дошта бошад.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо омодагии хешро барои рушд додани ҳамкориҳои судманд дар самтҳои мухталиф иброз намуданд.



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк