Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар “Амонатбонк”
Санаи 24-уми ноябри соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки Раиси Раёсати “Амонатбонк” Икромӣ С.С., узви пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов ва ҳайати кормандони Бонк чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар оғоз Раиси Раёсати Бонк Икромӣ С.С. ба сухан баромада, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.
Қайд гардид, ки Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намудаанд, ки «Ҳар як фарди бонангу номус ва ватандусту ватанпарвари тоҷик аз Парчами миллии худ ифтихор намуда, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, озодиву истиқлоли Ватан ва ҳамчун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин менамояд».
Имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд. Воқеан, Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми чорабиниҳои расмии давлатӣ, фарҳангиву варзишӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад.
Дар идома узви пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов низ ба сухан баромада, иброз доштанд, ки давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон таърих ва суннати бисёр қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанўз аз замони Каёниён соҳиби дирафше будаанд, ки мавҷудияти давлати онҳоро ифода мекард.
Дар асри навини тоҷикон, дар даврони истиқлолият парчами давлатӣ бо намои дигар дар ҷилои рангҳои худ ҷилвагар гардида, дар устувор гардондани пояҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу ваҳдат, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ифодаи мақсаду мароми созандаи тоҷикон ва ҳифзи ҳувияти миллии онҳо нақши бузург дорад.
Зикр гардид, ки бо ҳидояти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тули чанд сол аст, ки Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, ин иқдоми хирадмандонаи Роҳбаритяи Олии кишвар собит намудааст, ки таҷрибаи давлатдории халқи тоҷик таърихи қадима дорад ва аввалин шуда дар олам парчамро ниёгони бофарҳанги мо афрохта буданд.
Мардуми шарафманди тоҷик зери Парчами ваҳдату якдилӣ ба хотири эъмори ҷомеаи мутамаддин устуворона қадам мегузоранд ва бо азму иродаи созандаи худ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро, ки ормони ҳар миллати озодихоҳ аст, ҷовидона муқаддас дониста, ба Парчам ҳамчун рамзи ҳастии миллат эҳтироми хосса гузошта, аз дурахши рангу ҷилои зебои он ифтихор мекунанд.