Мулоқоти дуҷонибаи Раиси раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» бо Муовини раиси Раёсати Бонки давлатии рушди Хитой
26 июн 2024
Нимаи дуюми санаи 25 уми июни соли 2024, дар Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқоти дуҷонибаи раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» Салимзода Алиҷон Абдуҷалол бо Муовини раиси Раёсати Бонки давлатии рушди Хитой Чжан Хуи баргузор гардид.
Дар оғози мулоқоти дуҷониба раиси Раёсати Амонатбонк аз дастовардҳои молиявии Бонк маълумот манзур намуда, қайд карданд, ки дар доираи Иттиҳоди байнибонкӣ, Бонки давлатии рушди Хитой яке аз шарикони муҳим ва боэътимоди Амонатбонк ба шумор меравад.
Муовини раиси Раёсати Бонки давлатии рушди Хитой Чжан Хуи қаноатмандии хешро аз натиҷаи ҳамкориҳои муштарак иброз дошта, низ қайд намуд, ки Амонатбонк ягона бонке ҳаст, ки бо Бонки давлатии рушди Хитой таърихи хуби ҳамкориҳои муштарак дорад ва ин барои мо муҳим ва қобили эҳтироми хоса аст.
Дар заминаи мулоқоти пурмуҳтавои дуҷониба роҳбарони бонкҳо ба муфовиқа расиданд, ки омодаанд ҳамкориҳои муштаракро дар самтҳои мухталиф боз ҳам густариш диҳанд.