Таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар “Амонатбонк”
Санаи 26-уми июни соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” бо иштироки муовинони Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., Сафарзода Р.С. ва доираи васеъи кормандон бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Нахуст муовини Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З. ҳозиринро бо санаи бисёр арзишманду таърихӣ, 27-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, ёдовар шуданд, ки Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст.
Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати сулҳовари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва миллати тоҷик ба Ваҳдати миллӣ соҳиб гардид. Дар ин радиф Тоҷикистон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷрибаи комил ба даст оварда, аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои хориҷӣ ба таҷрибаи ноил гардидани Тоҷикистон ба Ваҳдати миллӣ, баҳои баланд дода шуд.
Дар идомаи чорабинӣ аъзои фаъоли Шӯрои ҷавонони Бонк Ибодов Н.Ҳ. низ суханронӣ намуда, иброз намуданд, ки Рӯзи ваҳдати миллӣ барои миллати сулҳпарвари мо падидаи нодиру пурарзиши таърихи даврони соҳибистиқлолии кишвар ва самараи ҷаҳду талошҳои созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони бонангу номуси тоҷик буда, ҳар сол дар фазои орому осуда, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ ва вусъати бесобиқаи иқдому амалҳои созанда таҷлил мегардад.
Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад.
Аз ин рӯ вазифаи ҳар як шахси бедордилу худогоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад.