Мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо Директори Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузори ва чакана.

08 июли 2022
Санаи 07 июли соли 2022, дар ҳошияи баргузории 26-умин Конгресси умумиҷаҳонӣ, Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С.С., бо директори Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана ҷаноби Питер Зимонс оид ба густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана , ҳамчунин бонкҳои аъзои Институт мулоқоти дуҷониба баргузор намуданд. 

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар таърихи Амонатбонк ин нахустин вохӯрӣ ва мулоқоти роҳбарияти Бонк бо роҳбарияти Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана мебошад. 

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатманди намуда, қайд карданд, ки дар ояндаи наздик нақшаи кории муштарак таҳия намуда, ҳамкориҳоро дар сатҳи нав қарор хоҳанд дод.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк