Иштирок ва суханрони дар кори 26-умин Конгреси умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузори ва чакана.

08 июли 2022
Санаи 7 июли соли ҷорӣ, Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса дар корӣ 26-умин Конгресси умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана иштирок карда, дар мавзӯи “Нақши филиалҳои бонк дар давраи рақамикунонӣ” суханрони намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Амонатбонк аз  соли 2004 инҷониб аъзои Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана буда, то имрӯз дар чорабиниҳои мухталифе, ки аз ҷониби Институти мазкур баргузор мегардад, ба таври маҷози ва ҳузури иштирок намуда, мавқеъи худро ҳамчун бонки давлатӣ ва ягона институти амонатгузорӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк