Натиҷаи фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар нимсолаи аввали соли 2022

12 июли 2022

Санаи 12-уми июли соли ҷорӣ дар бинои асосии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо иштироки Раиси Раёсат муҳтарам Икромӣ С.С., муовинони Раиси Раёсат Сайфзода Ш. Ҷ., Ризвонзода Ф.З., роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии БДА ҶТ “Амонатбонк” ва мудирони филиалҳои Бонк аз натиҷаи фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар нимсолаи аввали соли 2022 натиҷагирӣ карда шуд.

Дар ҷаласа ҳамчунин мудири бахши молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саттор Бобоҷон, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Раёсати Амонатбонк Сафарзода Рукмина Сафар, муовини директори департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон Абдуллоев Зафар ва сардори Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Даврон, ҳузур доштанд.

Дар оғози ҷаласа нахуст муовини Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» муҳтарам Ризвонзода Ф. З. оид ба натиҷаи фаъолияти Амонатбонк дар нимсолаи аввали соли 2022 баромад намуда, иттилоъ доданд, ки дар нимсолаи аввали якуми соли ҷорӣ Бонк тамоми сайъу кўшиши худро баҳри татбиқи босамари дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар паёми навбатӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияи соҳа барои соли 2022 равона намуда, дар ҳаҷми 42,6 млн. сомонӣ даромади соф ба даст овард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 27,8% зиёд мебошад.

Бонк бо мақсади саҳмгузорӣ дар ғанӣ гардидани Буҷети давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 28,4 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлат пардохт намуд.        

Ҳаҷми сармояи Бонк дар нимсолаи якуми соли 2022 ба 606,9 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021   23,5% зиёд мебошад. Ин зиёдшавӣ аз ҳисоби даромади софи ба дастовардаи Бонк мебошад.

Дороиҳои Бонк маблағи 5 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҳиссаи асосии онро дороиҳои даромаднок (39,3%) ва дороиҳои пардохтпазир (47,5%) ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, сандуқи қарзии Бонк 62%-и дороиҳои даромадноки Бонкро ташкил намуда истодааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 11,2 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Уҳдадориҳои Бонк бошанд, маблағи 4,4 млрд. сомониро ташкил додааст, ки ҳиссаи асосии онро амонатҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ (82,2%) ташкил мекунад.

Шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба 1 миллиону 510 ҳазор нафар расидааст.

Теъдоди банкоматҳои насбшуда дар Бонк ба 327 адад ва постерминалҳо ба 1 524 адад расонида шудааст. Аз ҷумла, ба ҳолати имрӯза 738 адад постерминалҳои Бонк дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб карда шудаанд.

Дар рафти баргузории ҷаласа аъзоёни Раёсат андеша ва таҳлилҳои худро оид ба сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ пешкаши мудирони шаҳру ноҳияҳо намуданд.

Дар қисмати дуюми ҷаласа Раиси Раёсат муҳтарам Икромӣ С.С. баромад намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дар самти идоракунии хавфҳои қарзӣ ва қарзҳои ғайрифаъоли Бонк маълумотӣ мушаххас пешниҳод намуданд.

Ёдовар шуданд, ки         фаъолияти ситоди Бонк оид ба баргардонидани қарзҳои таъхирафтода пурзўр карда шуда, сарпарастони филиалҳое, ки аз ҳисоби сардорони воҳидҳои сохторӣ таъин карда шуданд, ба филиалҳо ҳар 2 моҳ як маротиба сафарбар гардиданд.

          Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда,   Бонк ба ҳолати 30 июни соли 2022 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 28 ҳазор муштарӣ 885,8 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст. Дар натиҷа, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми қарздиҳӣ 33,8% зиёд гардидааст.

Қарзҳои додашудаи Бонк ба соҳаҳои саноат 14,7%, кишоварзӣ 21,5%, истеъмолӣ 19,8%, сохтмон 1,8%, тиҷорат 40,1% нақлиёт 0,4% ва дигар хизматрасонӣ (сайёҳӣ, тандурустӣ, хўроки умумӣ) 1,7% рост меояд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои паёми навбатии Пешвои миллат дар самти бартараф намудани камбудиҳо дар самти ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, Бонк дар давраи ҳисоботӣ дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ зиёда аз 36%-и қарзҳоро ба соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ пешниҳод намудааст.

Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар паёми навбатӣ, Бонк ҷиҳати пурра ҷорӣ намудани амалиётҳои ғайринақдӣ чораҷӯӣ намуда истода, дар маҷмўъ бо 7 995 корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 87 адад зиёд мебошад.  

Дар ҷамъбасти ҷаласа аз тарафи Раиси Раёсати Бонк бо мақсади иҷрои бетаъхири дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ, татбиқи самараноки ҳадафҳои пешбинишуда тибқи самтҳои афзалиятноки соҳа, боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеи Бонк дар низоми бонкӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва пешгирию идоракунии хавфҳои Бонк, ба тамоми воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои Бонк дар нимсолаи дуюми соли 2022 вазифаҳои мушаххас дода шуд.



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк