Мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо муовини Раиси Раёсати ҶС «Бонки рушди Қазоқистон»

23 август 2022
Санаи 23-юми августи соли 2022, дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ўзбекистон пас аз баргузор гардидани ҷаласаи Шўрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо муовини Раиси Раёсати ҶС «Бонки рушди Қазоқистон» муҳтарам Абишева Ботагоз баргузор гардид. Дар рафти мулоқоти дуҷониба Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ Сирроҷиддин Салом иброз намуданд, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» ҳамеша омодааст ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо шарикони рушд дар самтҳои мухталифи иқтисодиву молиявӣ тақвият диҳад. Раиси Раёсати ҶС «Бонки рушди Қазоқистон» муҳтарам Абишева Ботагоз низ иброз намуданд, ки нисбати густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба бо Амонатбонк таваҷҷуҳи хоса доранд. Пас аз мулоқоти дуҷониба аз ҷониби раисони бонкҳо миёни БДА ҶТ «Амонатбонк» ва ҶС «Бонки рушди Қазоқистон» Ёддошти тафоҳум ҷиҳати дар ояндаи наздик ба имзо расонидани Созишномаи маблағгузории савдо ба имзо расонида шуд. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» кўшиш менамояд, ки дар оянда ҳам ҷиҳати дарёфт намудани сарчашмаҳои нави сармояи арзону дастрас тамоми тадбирҳои муассирро амалӣ намояд.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк