Мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо Раиси Шўрои директорони Ҳабиб Бонк Лимитеди Покистон Султан Алӣ Аллана

23 августи 2022
Санаи 23-юми августи соли 2022, дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ўзбекистон пас аз баргузор гардидани ҷаласаи Шўрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) ҳамчунин мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо Раиси Шўрои директорони Ҳабиб Бонк Лимитеди Покистон муҳтарам Султан Алӣ Аллана баргузор гардид. Дар рафти мулоқоти дуҷониба Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ Сирроҷиддин Салом иброз намуданд, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» ҷиҳати рушд додани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ҳамчунин васеъ намудани доираи фаъолияти молиявии Бонк омодааст ҳамкориҳоро бо шарикони рушд густариш диҳад. Раиси Шўрои директорони Ҳабиб Бонк Лимитеди Покистон муҳтарам Султан Алӣ Аллана иброз намуданд, ки дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай БДА ҶТ «Амонатбонк» яке аз шарикони боэътимоди Ҳабиб Бонк Лимитед буда, мо омодаем, ки дар самтҳои мухталиф аз ҷумла, маблағгузории савдо муносибатҳоро мустақиман ба роҳ монем. Дар фарҷоми мулоқот роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо Раиси Шўрои директорони Ҳабиб Бонк Лимитеди Покистон муҳтарам Султан Алӣ Аллана омодагии хешро ҷиҳати ба имзо расонидани Созишнома оид ба ҳамкориҳои байнибонкӣ, иброз намуданд.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк