Мутахассисони Амонатбонк дар кори Форуми иқтисодии Авру-Осиё 2023 иштирок намуданд.
Санаҳои 20 то 24 сентябри соли 2023, бо даъвати Котиботи Форуми иқтисодии Авру-Осиё сардори Идораи муносибатҳои байналхалқии Амонатбонк - Раҳматзода Баҳром Мирзораҳмат дар кори Форуми иқтисодии Авру-Осиё 2023, ки дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки чорабинии мазкур дар ду сол як маротиба бо дастгирии Ҳукумати музофоти Шансии Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Бонки давлатии рушди Хитой баргузор мегардад, ки дар кори он ҳама бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) иштирок ва суханронӣ менамоянд.
Дар бахши алоҳидаи молиявие, ки барои бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) баргузор гардида буд, масоили густариши муносибатҳои молиявии дуҷониба ва бисёрҷонибаи бонкҳои аъзои ИББ СҲШ, рушди коммуникатсия ва ҳамоҳангсозӣ дар чаҳорчўбаи Иттиҳод, нақши ташкилотҳои молиявӣ дар мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия, рушди минтақавӣ, ҳамчунин ташкили фазои баробарҳуқуқӣ мавриди баррасӣ, қарор гирифтанд.













