Иштироки Амонатбонк дар маросими кушодашавии барномаи GEFF Tоҷикистон II

27 сентябр 2023
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маросими кушодашавии барномаи GEFF (Green Economy Financing Facility) Tоҷикистон II баргузор гардид. Дар маросими мазкур Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Сироҷиддин Икромӣ иштирок намуданд.   

Дар оғози маросим дар мавзӯи  “Афзоиши сармоягузориҳои бахши хусусӣ барои иқтисоди сабз ва сабзгардонии низомҳои молиявӣ”  мусоҳибаи панелии баргузор гардид. Дар мусоҳибаи панели, Нигина Анварӣ  муовини Вазири кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон,  Икромӣ Сироҷиддин Салом - раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»”, Шоира Содиқова -  раиси раёсати ҶСП Бонки «Арванд», Фирдавс Маюнусов- раиси раёсати ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ҲУМО», Андрей Палка - раиси раёсати ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ИМОН Интернэшнл» андешаҳои худро оид ба муҳимитяи барномаи GEFF иброз намуданд.  

Муҳтарам Сироҷиддин Икромӣ нақши муассисаҳои молиявӣ аз чумла Амонатбонкро дар пешбурди амалҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва мубориза бо тағйирёбии он, хизматрасониҳои муосири бонкӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳоли андешаҳои худро пешкаши ҳозирин намуданд. Дар хотима , Ёддошти тафоҳум байни Амонатбонк ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шуд.

Инчунин, дар як гӯшаи чорабинии мазкур маҳсулотҳои Амонатбонк ба намоиш гузошта шуда буд, ки меҳмонон ва мизоҷони Бонк маълумотҳои зарурии худро оид ба хизматрасониҳо Бонк, алалхусус қарзҳои соҳаи кишоварзӣ ва саноат пайдо намуданд.  
 

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк