Таҳлили фаъолият ва хавфҳои коррупсионӣ дар КВД БА ҶТ «Амонатбонк»

21 сентябр 2023

Санаи 21 сентябри соли 2023 ҷаласаи навбатии гурўҳи кории доимоамалкунандаи Бонк оид ба таҳлили фаъолият ва хавфҳои коррупсионӣ дар КВД БА ҶТ «Амонатбонк» таҳти роҳбарии Муовини Раиси Раёсати Бонк Ризвонзода Ф.З. ва бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати муқовимат ба коррупсия Нигора Муқимӣ ва муовини сардори раёсати муқовимат ба коррупсия Насрутдинзода Қиёмиддин, баргузор гардид. Рўзномаи ҷаласаи мазкур ба баррасии натиҷаи давраи якуми таҳлили фаъолият ва вазифаҳо барои давраи дуюми таҳлили фаъолият гуруҳи корӣ бахшида шудааст. Ҷаласаро Муовини Раиси Раёсати Бонк Ризвонзода Ф.З ҳусни ифтитоъ бахшида, оид ба корҳои анҷомдодашуда дар ин давра маълумот доданд.

Сипас сухан оид ба натиҷаи давраи якуми таҳлили фаъолият ва вазифаҳо барои давраи дуюми таҳлили фаъолият ба намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ дода шуд. Намояндаи Агентӣ Нигора Муқимӣ қайд намуд, ки омўзиш ва натиҷагирии ҳисобот ва корҳои анҷомдодашудаи гурўҳи корӣ нишон дод, ки кор дар самти таҳлили санадҳои дохилибонкӣ, ки марҳилаи якуми таҳлили шароити пешакиро ташкил медиҳад, хуб ба роҳ монда шуда, ба марҳилаи якуми давраи якуми таҳлили фаъолият ҷавобгўй мебошад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки оид ба марҳилаи дуюми давраи якуми таҳлили фаъолият зарур аст, ки сохтори ташкилии Бонк вобаста ба намудҳои фаъолияти осебпазири ки ба сохтори дохилӣ ва берунии Бонк дахл доранд, аз ҷониби гурўҳи корӣ мавриди таҳлил ва омўзиш қарор дода шавад.

Доир ба марҳилаи сеюми давраи якуми таҳлили фаъолият ба мақсад мувофиқ аст, ки таҳлили қоидаҳои одоб ё дигар ҳолатҳое, ки ба рафтори кормандони Бонк дахл доранд, таҷдиди назар карда шавад.

Аз ҷониби намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ вобаста ба давраи дуюми фаъолият оид ба таҳқиқ ва ошкорсозии хавфҳо қайд гардид, ки дар ин давра зарур аст, ки усулҳои зерини таҳқиқ ва ошкорсозӣ мавриди истифода қарор дода шаванд, аз ҷумла таҳлили муқовимати Бонк ба хавфҳои коррупсионӣ, пурсиши кормандони Бонк, таҳлили муносиботи мутақобилаи ташкилот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳлили амалҳои мушаххаси коррупсионӣ, таҳлили маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи коррупсия дар Бонк.

Вобаста ба ин, аз ҷониби намояндаи Агентӣ замимаи 2 Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 тасдиқ шудааст, шарҳу тавзеҳ дода шуда, намудҳои фаъолияти осебпазир фаҳмонида дода шуд.

Дар рафти ҷаласаи мазкур аъзоёни гурўҳи корӣ низ фикру мулоҳизаҳои худро оид ба ин масъала иброз намуда, аз ҷониби онҳо як қатор таклифҳо пешниҳод гардид. Бо ҳамин ҷаласаи навбатии гурўҳи кории доимоамалкунанда анҷом ёфт.

 

 


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк