Натиҷагирӣ аз фаъолияти КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар нимсолаи якуми соли 2024 ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024
Санаи 12-уми июли соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” Салимзода А.А. ва бо иштироки муовинони Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., Сафарзода Р.С. инчунин сармутахассиси Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нормуродзода Фирдавс, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳромзода Парвина, сардори идораи бозрасии бонкҳои Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон Раҳимзода Иброҳим, сардори раёсати назорати таъину пардохти нафақа ва андухтҳои нафақавии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинов Саъдулло, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва мудирони филиалҳои “Амонатбонк” ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар нимсолаи якуми соли 2024 ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 баргузор гардид.
Дар қисмати аввали ҷаласа муовини Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З. баромад намуда, доир ба фаъолияти КВД БА ҶТ “Амонатбонк” давоми нимсолаи якуми соли 2024-ум ба ҳозирин маълумот доданд.
Қайд карда шуд, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ Бонк саъю кӯшиши худро баҳри татбиқи босамари дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солона, инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияти соҳа барои соли 2024 равона намуда, даромади Бонк то андозбандӣ 86,8 млн. сомонӣ ва баъди андозбандӣ 69,5 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 20,4% зиёд мебошад.
Ҳаҷми сармояи Бонк бошад дар нимсолаи якуми соли 2024 ба 919,1 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,3% зиёд мебошад. Дороиҳои Бонк маблағи зиёда аз 7,9 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,9% зиёд мебошанд.
Бонк дар нимсолаи якуми соли 2024 дар маҷмуъ 50,7 млн. сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳои ҳатмиро аз рӯи фаъолияти худ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ гузаронидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,4% зиёд мебошад.
Амонатбонк ҷиҳати саҳмгузории назаррас дар низоми бонкӣ тавассути пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат, инчунин бо дарназардошти эълон шудани солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат», дар самти ҳамасола зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ низ чораҳои амалӣ андешида истодааст.
Бонк, ба ҳолати 30 июни соли 2024 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 31 ҳазор муштарӣ зиёда аз 956 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст.
Боиси қайд аст, ки Амонатбонк бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар самти сохтмон ва васеъ гардонидани манзили истиқоматӣ, инчунин имконият барои харидории манзилҳои истиқоматӣ, “Қарзҳои ипотекӣ”-ро низ фаъолона пешниҳод менамояд
Дар иртибот ба дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбати, Бонк сиёсати қарздиҳии худро таҳдид намуда, ба соҳаҳои афзалиятнок имтиёзҳо фароҳам овард.
Амонатбонк фаъолияти худро дар самти ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар ва дар ин замина пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ низ вусъат бахшида истодааст.
Аз ҷумла, аз ҳисоби хатти қарзии бо Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти маблағгузории савдо ба ширкатҳои ватанӣ дар ҳаҷми 15,6 млн.доллари ИМА барои ворид намудани молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарзи бонкӣ пешниҳод карда шудааст.
Ҳамчунин, Амонатбонк бо ҶС «KAZAKHEXPORT»-и Ҷумҳурии Қазоқистон хати қарзи аккредитивӣ ба маблағи 23,7 млн. доллари ИМА кушод, ки он ба ширкатҳои ватанӣ ҳамчун қарзи аккредитивӣ ба расмият дароварда шудааст.
Сатҳи баланди пардохтпазирӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии устуворӣ ва эътимоднокӣ ба ҳисоб меравад. Иҷроиши ин нишондиҳанда дар Амонатбонк дар сатҳи зарурӣ таъмин гардида, натиҷа ин аст, ки шумораи пасандозгузорон дар Бонк ба 2,4 млн. нафар расидааст.
Бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар Амонатбонк ба санаи 30 июни соли 2024 маблағи 5,8 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,8% зиёд мебошад. Бонк аз рӯи ин нишондиҳанда дар низоми бонкии кишвар яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст.
Дар иртибот ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” як қатор чорабиниҳо татбиқ шуда истодаанд.
Ҷиҳати тақвият бахшидани инфрасохтори мавҷудаи Бонк ва ба роҳ мондани пардохти ғайринақдии ҳама намуди андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ ва пур намудани воситаҳои электронии пардохт, ба ҳолати имрўза 1 081 адад таҷҳизоти электронӣ дар 75 филиал, 548 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 43 нозиротҳои андоз насб гардида аст.
Ҳамзамон, бо мақсади муҳайё сохтани инфрасохтори зарурӣ ҷиҳати хизматрасонии шаҳрвандон дар муассисаҳои давлатӣ, дар давраи ҳисоботӣ 3273 адад таҷҳизоти электронӣ (постерминал) барои истифодабарӣ ба кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ супорида шудааст.
Ҳамчунин, раванди насб намудани QR-рамзи ягона дар марказҳои савдою хизматрасонӣ ва муассисаҳои давлатӣ бомаром идома дорад. Ба санаи ҳисоботӣ дар бахши хусусӣ ва дар муассисаҳои давлатӣ 1560 адад ва дар бахши хусусӣ 1196 адад, дар маҷмуъ 2756 адад QR -рамзи ягона дар тамоми ҷумҳурӣ насб гардидааст.
Баъд аз маърӯзаи муовини Раиси Раёсат мудирони филиалҳои “Амонатбонк” оид ба фаъолияти самти худ дар давоми нимсолаи якуми соли 2024-ум ба Раиси Раёсат ҳисобот доданд.
Инчунин сармутахассиси Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нормуродзода Фирдавс ва сардори идораи бозрасии бонкҳои Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон Раҳимзода Иброҳим баромад намуда, оид ба натиҷаи фаъолияти “Амонатбонк” давоми нимсолаи якуми соли 2024, фикру ақидаҳои худро иброз намуда, нишондодҳои молиявии Амонатбонкро дар давоми нимсолаи якуми соли 2024 мусбӣ арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи ҷаласа Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Салимзода А.А. нахуст ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии доимии рушди низоми бонкии мамлакат миннатдории худро баён намуда, иброз доштанд, ки фаъолияти Бонк дар асоси дастуру супоришҳои паёмҳои ҳамасолаи Роҳбарияти Олии кишвар ва вобаста ба он, супоришҳои БМТ ҳамчун бонки марказӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар иртибот ба ин, дар давраи ҳисоботӣ диққати асосӣ ба фароҳам овардани шароити муосид ҷиҳати дастрасии қарзҳо ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ равона гардид, ки дар паёми навбатӣ низоми бонкӣ, махсус вазифадор гардида буд. Дар ин раванд, фоизи пешниҳоди қарзҳо дар Бонк аз 1 то 4 банди фоизи паст карда шуда, муҳлати пардохти онҳо то 5 сол дароз карда шуд.
Тамоми имкониятҳои Бонк барои дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, равона гардидааст.
Таъкид гардид, ки дар баробари фаъолияти соҳавӣ, инчунин дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар вохӯрӣ бо ходимони дин ва зиёиён, инчунин дастуру супоришҳо бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, вазифаҳои ҳар як корманди Бонк дар соли ҷорӣ ва фаъолияти минбаъда хоҳад буд.
Бинобар ин, ҳамаи кормандони Бонкро зарур аст, ки тамоми саъю кӯшиши худро барои иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Роҳбари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Раёсати Бонк равона созанд.
Дар маҷмуъ, аъзоёни Раёсат, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва мудирони филиалҳо вазифадор мебошанд, ки якҷо бо тамоми кормандон ҳадаф ва нақшаҳои қабулгардидаи Ҳукумати кишвар ва бонкро сари вақту босифат таъмин намоянд.
Дар интиҳои ҷаласа аз ҷониби Раиси Раёсат баҳри бозҳам мустаҳкам намудани мавқеи Бонк дар низоми бонкӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва пешгирию идоракунии хавфҳои Бонк, дар назди тамоми воҳидҳои сохтории саридора ва филиалҳои Бонк вазифаҳои зерин гузошта шуданд.
Таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ, дастгирии соҳибкорон, аз ҷумла занони соҳибкор, дастгирии ҳунармандон ва косибон, зиёд намудани шумораи занону бонувон дар филиалҳои Бонк, пурзӯр намудани корҳо дар самти баргардонидани қарзҳои батаъхирафтода ва ғайринизомӣ, фурӯши амволҳои дар тавозуни Бонк қарордошта, дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани қобилияти пардохтпазирии Бонк, фарогирии тамоми кормандон ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва ташкили мунтазами шанбегиҳо, тозаву озода нигоҳ доштани утоқҳо ва саҳни биноҳои корӣ, хонаву дари ҳар як корманд.
Раиси Раёсати Бонк бори дигар ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузории худро ҷиҳати дастгирӣ ва ҳамкориҳои судманд изҳор намуданд.
Семинар бахшида ба натиҷаи фаъолияти гурўҳи мониторинги Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд
Иштирок ва суханронии раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Салимзода Алиҷон Абдуҷалол дар кори ҷаласаи Шўрои Иттиҳоди байнибонкии Созмон ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ)