Семинар-машварат вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон
Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” семинар-машварат доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рӯ наовардани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстремистидошта доир гардид.
Дар қисмати аввали семинар-машварат ҳуқуқшиноси асосии Идораи методология ва бозомӯзии кормандон Абдуллозода С.С. талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки дар таҳрири нав ба имзо расидааст, ба саҳми ҳозирин расонида, иброз доштанд, ки қонуни мазкур бояд бечунучаро риоя карда шавад.
Инчунин оиди ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани нафароне, ки талаботҳои қонуни мазкурро риоя намекунанд ба ҳозирин маълумоти муфассал дода шуд.
Дар идома сардори Департаменти бехатарӣ ва кор бо қарзҳои мушкилситон Сатторзода И. вобаста ба пешгирӣ ва шомил нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстремистидошта баромад намуда, иброз доштанд, ки ҷавононро мебояд ҳушёру зирак бошанд, ба доми фиребу найранги ҳаргуна гуруҳҳои иртиҷоиву ифротӣ наафтанд. Зеро мақсади ин гуруҳҳо таъсирасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопок равона шудааст. Ҷавонони мо бояд ба қадри сулҳу суббот ва оромии ватани соҳибистиқлоламон расида бошанд ва нагузоранд то нохалафе зиндагии орому осудаи мардуми кишварро халадор созад.