Раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ бо бонкирҳои оянда вохурии судманд анҷом дод.

06 апрел 2023

Бо ташаббус ва даъвати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санаи 06-уми апрели соли ҷорӣ намояндагони КВД БА ҶТ “Амонатбонк” таҳти роҳбарии Раиси Раёсати “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. ҷиҳати баргузор намудани семинарӣ омӯзишӣ ба Донишгоҳи болозикр ташриф оварданд, ки баргузор намудани семенарӣ омӯзишӣ дар доираи ҳафтаи байналмиллалии молиявӣ (Global Money Week) рост омад.

Дар ин доира нахуст намояндагони “Амонатбонк” аз лабораторияҳои таълимии донишгоҳ дидан намуда, бо шароиту имкониятҳои таҳсили донишҷуёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар баробари дигар лабораторияҳои муосири таълимӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон утоқи “Бонки таълимии Амонатбонк” бо тамоми воситаҳои заруриии таълимӣ фаъолият намуда, дар доираи шартномаи тарафайн байни КВД БА ҶТ "Амонатбонк" ва МД "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон" дар он мунтазам машғулиятҳои амалӣ баҳри донишҷӯёни Донишгоҳ бо ҷалби мутахассисони соҳаи бонкӣ баргузор карда мешавад.

Зимни боздид аз утоқи “Бонки таълимии Амонатбонк”, Раиси Раёсати “Амонатбонк” бо муҳассилини ихтисосҳои соҳаи бонкдорӣ суҳбат намуда, қайд карданд, ки илму дониш сарвати бебаҳост ва метавонад инсонро ба қуллаҳои баланди музаффарият расонда бошад. Аз ин рӯ ба хотири мутахассиси ҳирфаии соҳаи интихобнамудаи хеш гардидан бояд ҳарчӣ бештар ба илм рӯ овард.  

Сипас дар толор-маҷлисгоҳи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки доираи васеъи донишҷуёну омӯзгорон семинарӣ омӯзишӣ дар мавзуи “Идоракунии хатарҳои бонкӣ дар шароити бесуботии молиявӣ” баргузор карда шуд.

Раиси Раёсати “Амонатбонк” ба сухан баромада, дар доираи мавзуи болозикр оид ба мафњуми Бонк ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ташкилотњои қарзӣ, институтҳои ёрирасони молиявӣ, амалиётҳои бонкӣ,мавқеи КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар низоми бонкӣ, буҳронҳои иқтисодӣ – омили бавуҷудоварандаи бесуботӣ ва хавфу хатарҳои бонкӣ ба иштирокдорон маълумоти зарурӣ пешниҳод намуданд.

Донишҷуён бо шавқу рағбати зиёд ба мавзуи семинар таваҷҷуҳ зоҳир карда, суолҳои гуногун низ пешниҳод намуданд ва ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охири семинар Раиси “Амонатбонк” омодагии хешро ҷиҳати ҳамкории тарафайн бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иброз дошта, қайд намуданд, ки ташкил ва баргузор намудани чунин семинарҳои омузишӣ ҷиҳати баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони ояндаи соҳаи бонкдории мамлакат нақши муҳим мебозад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк