Семинари омӯзишӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

06 апрел 2023

Баҳри тайёр намудани кадрҳои ҷавону болаёқати соҳаи бонкӣ, дар як зумра муасcисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, аз қабили Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд синфхонаҳои таълимии “Амонатбонк” бо тамоми шароити зарурӣ фаъолият менамоянд.

Ҳадаф аз ин ҳамкориҳо тайёр кардан ва такмили ихтисоси мутахассисони бонкӣ, инчунин мутахассисони баландихтисос аз рўи ихтисосҳои “Кори бонкӣ”, “Молия ва қарз”, “Баҳисобгирии бугалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо”, “Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт” ва аз тарафи кормандони Бонк баргузор намудани машғулиятҳои амалӣ барои муҳассилин мебошад.

Дар робита ба ин, дар синфхонаи таълимии “Амонатбонк” дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» аз ҷониби мутахассисони “Амонатбонк” барои донишҷўёни тахассуси “Умури бонкӣ” семинар дар мавзўи “Саводнокии молиявии рақамӣ” баргузор карда шуд.

Ба ширкаткунандагон доир ба истифода ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявии рақамии ташкилотҳои молиявӣ маълумот дода шуда, ҳамзамон қайд карда шуд, ки хизматрасониҳои мазкур ва шабакаҳо барои таъмини эҳтиёҷоти муштариён таҳия гардидааст.

Ҳамзамон доир ба намудҳои кортҳои бонкӣ, тарзи дурусти истифодабарии онҳо, хизматрасониҳо тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ва бартарияти онҳо дар амалиётҳои пулӣ, хизматрасонии Интернет-банкинг, барномаи мобилии “Амонат-мобайл”, хусусиятҳои ҳамёни электронӣ ва ғайра маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк