Хабарҳо
Семинари омўзишӣ дар мавзӯи «Истифодаи технологияи рақамӣ дар ҷаҳони муосир
Санаи 06-уми феврали соли ҷорӣ дар толор-маҷлисгоҳи саридораи КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботҳои Нақшаи чорабиниҳои КВД БА ҶТ «Амонатбонк» оид ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда дар Паём ва дар ҳошияи эълон шудани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» бо иштироки кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои тобеъ доир ба мавзуи «Истифодаи технологияи рақамӣ дар ҷаҳони муосир семинари омўзишӣ баргузор гардид.
Мулоқоти дуҷонибаи раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо роҳбари Намояндагии Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 20-уми январи соли ҷорӣ, дар бинои марказии Амонатбонк мулоқоти дуҷонибаи раиси Раёсати Амонатбонк Салимзода Алиҷон Абдуҷалол бо роҳбари Намояндагии Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Вифел баргузор гардид.
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти КВД БА ҶТ “Амонатбонк” давоми соли 2024
Санаи 10-уми январи соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” Салимзода А.А. ва бо иштироки муовинони Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., Сафарзода Р.С. инчунин сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр, муовини сардори раёсати таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои азими давлатии вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров Меҳрубон, сардори идораи бозрасии бонкҳои департаменти...
Иштироки “Амонатбонк” дар ҳамоиши ҷавонони низоми бонкӣ.
Санаи 10-уми январи соли ҷорӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони низоми бонкӣ таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлтӣ” баргузор гардид.
Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони “Амонатбонк”
Санаи 28-уми декабри соли ҷорӣ роҳбарият ва кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” дар баробари дигар вазорату идораҳои давлатӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дастаҷамъона тамошо намуданд.