Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Чораҳои ташкилию ҳуқуқии байналмилалии мубориза бо коррупсия»
Санаи 4-уми декабри соли ҷорӣ дар Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” бахшида ба “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия”, ки ҳамасола 9 декабр дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад, бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои “Амонатбонк” семинари омўзишӣ дар мавзўи «Чораҳои ташкилию ҳуқуқии байналмилалии мубориза бо коррупсия» баргузор гардид.
Ҳуқуқшиноси асосии дастгоҳи Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Юсупов Б.Г. бо маърӯза баромад намуда, иброз доштанд, ки тибқи қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид таҳти №A/RES/58/4 аз 21 ноябри соли 2003 аз соли 2004 инҷониб ҳамасола 9 декабр ҳамчун “Рўзи байналмилалии мубориза бо коррупсия” дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
Санаи 9 декабри соли 2003 дар Мексика Конвенсияи СММ алайҳи коррупсия барои шомилшавӣ ба ин Конвенсия кушода шуд. Мақсад аз таъсиси ин рӯзи байналмилалӣ, тавре ки дар қатъномаи Ассамблеяи Генералӣ гуфта шудааст, дарки амиқи мушкилоти коррупсия ва нақши Конвенсия дар пешгирӣ ва мубориза бо фасод дар саросари кишварҳои олам буда, 25 сентябри соли 2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо коррупсияро ба имзо расонида, дар баробари дигар давлатҳо иштирокчии комилҳуқуқи Конвенсияи мазкур гардид.
Дар идома оид ба мафҳуми байналмилалии коррупсия, шакл ва намудҳои он, қонунгузории зиддикоррупсионӣ, мақомоти муборизабаранда бо коррупсия, соҳаҳои бештар ба коррупсия дучоршаванда, сабабу ҳолатҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва оқибатҳои ногувори он изҳори ақида карда шуд.
Инчунин, оид ба стандартҳои умумиэътирофшудаи байналмилалии муқовимат ба коррупсия, шаклу усулҳои муосири муқовимат ба коррупсия дар низоми бонкӣ ва чорабиниҳои байналмилалии мубориза бо ин падидаи номатлуб қабулгардида низ ба самъи кормандони Бонк маълумоти гуногун расонида шуд.