Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони “Амонатбонк”

28 декабр 2024

Санаи 28-уми декабри соли ҷорӣ роҳбарият ва кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” дар баробари дигар вазорату идораҳои давлатӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дастаҷамъона тамошо намуданд.

Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, доир ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти ҳамаи соҳаҳо вазифаҳои мушаххас ба миён г узоштанд.

Дар Паёми навбатӣ ба низоми бонкии кишвар ва дигар вазорату идораҳои дахлдор дастур дода шуд то ҷиҳати ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ ва дар ин раванд то охири соли 2025 таъмини пурраи пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ таъмин карда шавад.

Қайд гардид, ки бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ дар панҷ соли охир аз ҷониби низоми бонкии кишвар беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст ва ҷиҳати идома додани ин раванд ба Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ супориш дода мешавад, ки ҳаҷми пешниҳоди қарз ба иқтисодиётро ҳамасола зиёд намоянд.

Нишондиҳандаи мазкур то охири соли 2027 бояд ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расонида шавад. Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ барои боз ҳам баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ бояд чораҷӯйӣ намоянд.

Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати таъсис додани филиалҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ, зиёд кардани пешниҳоди қарзҳо бо фоизи нисбатан паст ва таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати бонкӣ, бахусус, дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат тадбирҳои мушаххас андешанд.        

Ироа шудани Паём аз ҷониби Пешвои миллат ва дар доираи манфиатҳои миллӣ мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми сарбаланди тоҷик аст.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк