Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи "Таъсиси корҳои оморӣ"

02 июн 2021

Санаи 2-юми июни соли ҷорӣ дар Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” аз ҷониби мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ оид ба "Таъсиси корҳои оморӣ" баргузор гардид. Семинари омӯзишӣ бо иштироки мутахассисони Амонатбонк баргузор гардида дар оғоз Раиси Раёсати Бонк мӯҳтарам Икромӣ С.С., ва муовини раиси Раёсат Сайфзода Ш.Ҷ., онро ифтитоҳ намуданд.

Сардори Идораи омор ва тавозуни пардохти Бонки миллии Тоҷикистон Баҳриддинов Б. А. доир ба аҳамият ва нақши "Таъсиси корҳои оморӣ" дар соҳаи бонкдорӣ ҳарф зада қайд намуданд, ки нақши омор барои рушду пешрафти соҳаи бонкдорӣ, пешбинӣ намудани хавфҳои бонкӣ ва муайян намудани мавқеъи бозоргирии бонкҳо назаррас мебошад.

Дар семинар мавзуҳо оиди тавозуни пардохт, тарзу услуби интиқолҳои пулӣ ва манфиати он, роҳҳои рушд бахшидани амалиётҳои фосилавии бонкҳо алалхусус пардохтҳои коммуналӣ тавассути барномаҳои мобилӣ, ҷалби пасандозҳо ва пешниҳоди қарз бо фоизи дастрас аз ҷониби бонкҳои ватанӣ матраҳ гардиданд.

Қайд гардид, ки барои рушду пешрафти ҳар як Бонк пеш аз ҳама маърифати молиявии кормандони он бояд дар сатҳи зарурӣ қарор дошта бошад. Ҳар як мутахассиси соҳаи бонкдорӣ барои рушду такомули дониши хеш бояд саъю талош варзида ҳамқадами замон бошад.

Яке аз масъалаҳои муҳими дигар ин рушд бахшидан ба амалиётҳои фосилавӣ тавассути барномаҳои мобилӣ дониста шуд. Амалиётҳои фосилавӣ барои сарфа намудани вақти мизоҷ ва бевосита корманди Бонк, аз байн бурдани амалиётҳои коррупсионӣ, фарсуда нашудани пули миллӣ ва дар умум амалиёти бехатар ва манфиатовар дониста мешавад.

Дар охир иштирокчиёни семинар фикру ақидаҳои худро доир ба масъалаҳои муҳими соҳа иброз намуда миёни онҳо суолу ҷавоб сурат гирифт.       


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк