Хабарҳо

Семинари омўзишӣ оид ба риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ».
06 август 2025

Семинари омўзишӣ оид ба риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ».

Тибқи ҳамкориҳои тарафайни Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» ва Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, кормандони департаменту идораҳо, роҳбарон ва масъулони  филиалҳои Амонатбонк дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, семинари омўзишӣ оид ба риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»  баргузор карда шуд.


Нишасти матбуотӣ дар “Амонатбонк”
05 август 2025

Нишасти матбуотӣ дар “Амонатбонк”

Санаи 05-уми августи соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк давоми нимсолаи якуми соли 2025-ум баргузор гардид.


Саннаи 16.07.2025 ҳуқуқшиноси асосии  идораи ҳуқуқи КВД БА ҶТ
16 июл 2025

Саннаи 16.07.2025 ҳуқуқшиноси асосии идораи ҳуқуқи КВД БА ҶТ

"Амонатбонк" Бахтиёр Юсупов дар барномаи Гуфтугӯи радиои Ховар дар мавҷи 101.5 FM иштирок намуда, оид ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маълумоти мушаххас
пешкаши шунавандагон намуд.


Натиҷагирӣ аз фаъолияти КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар нимсолаи якум ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюм дар соли 2025
15 июл 2025

Натиҷагирӣ аз фаъолияти КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар нимсолаи якум ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюм дар соли 2025

Санаи 14-уми июли соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” Салимзода А.А. ва бо иштироки муовинони Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., Сафарзода Р.С. инчунин сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Маҳмуд, сардори сарраёсати сиёсати буҷетӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёти вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонмамадзода Меҳринамо, муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Усмоналӣ, сардори идораи бозрасии бонкҳои департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон Раҳимзода Иброҳим, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва мудирони филиалҳои “Амонатбонк” ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар нимсолаи якуми соли 2025 ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ баргузор гардид.


Баргузории ҷаласа оид ба пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд
11 июл 2025

Баргузории ҷаласа оид ба пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд

Санаи 10-уми июли соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Бонк пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июни соли 2025, таҳти №24.5-451 дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд, таҳти роҳбарии муовини якуми раиси раёсати Бонк – Худоёрзода Х.Б. ва бо иштироки намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  сардори шуъбаи муқовимат ба коррупсия – Турсунзода Ш.Х. баргузор гардид.
Дар муҳокима мудирон, муовинони мудир ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Бонк иштирок намуданд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк