Шанбегии дастаҷамъонаи кормандони Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк»

28 август 2021
Субҳи имрӯз дар Раёсат ва филиалҳои шаҳрии БДА ҶТ "Амонатбонк" барои  дар амал тадбиқ намудани дастури супоришҳои  Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ баҳри  ободонии кишвар ва пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе  шанбегӣ баргузор гардид, ки дар он тамоми кормандони Раёсати БДА ҶТ "Амонатбонк"  дастаҷамъона иштирок доштанд. Роҳбарияти Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» барои иштироки фаъолонаи кормандон дар маъракаҳои фарҳангию сиёсӣ ва бахусус корҳои ободонию ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳад. 

Кормандони Амонатбонк  дастаҷамъона  дар тоза кардани гузаргоҳ, нарм  намудани бехи  дарахтони сояафкани назди бинои Раёсат  ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқи ҷомеа саҳми худро гузоштанд.

Роҳбарияти БДА ҶТ «Амонатбонк» тасмим гирифтааст то таҷлили ҷашни Истиқлоли кишвар дар тамоми филиалҳои Бонк корҳои ободониро анҷом дода, ҳамзамон бо лавҳаю овезаҳои ҷашни биноҳои маъмурии Бонкро оро диҳад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк