Тақдими мукофотҳои давлатӣ ба кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк”

31 августи 2021
Санаи 31-юми августи соли ҷорӣ дар бинои асосии БДА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Наимӣ Аъламхон Қодириён, ҷиҳати ба кормандони фаъоли Бонк аз номи Роҳбарияти олии кишвар тақдим намудани мукофотҳои давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

 Қабл аз ҷаласа мӯҳтарам Наимӣ Аъламхон Ќодириён кулли кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк”-ро бо 30-юмин солгарди ҷашни пуршукӯҳи Истиқлоли давлатӣ  табрику таҳният намуда, аз фаъолияти назарраси Раиси БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. дар низоми бонкдории кишвар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуданд. 

Қайд гардид, ки маҳз бо дилу нияти нек ва виҷдони пок фаъолият намудан, мутахасиси арзанда ва мувафақи соҳаи хеш будани роҳбарияти Амонатбонк буд, ки  имрӯз мӯҳтарам Икромӣ С.С. дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд. 

Ҳамзамон директори Департаменти назорат ва аудити дохилибонкии Амонатбонк Ҷумаев Амиршо барои фаъолияти самараноку дастовардҳои баланди истеҳсолӣ бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардид.
 
Санаи 27-уми августи соли ҷорӣ бошад Сарвазири ҶТ аз номи Роҳбарияти олии кишвар ба сардори Шуъбаи сохтмони БДА ҶТ “Амонатбонк” Маҳмадалиев Далер медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро тақдим намуданд. 

Роҳбарият ва аҳли кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк” минатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадршиносии заҳматҳои кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк” баён намуда таъкид доштанд, ки дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхориҳои Сарвари давлат, минбаъд низ неруву тавони худро баҳри рушди низоми бонкдории кишвар равона хоҳанд кард.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк