Шартномаи ҳамкорӣ байни КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон
Санаи 24-уми июни соли ҷорӣ дар Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо иштироки муовини раиси Раёсати Бонк Ризвонзода Ф.З., ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов, директори лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов ва аҳли кормандони Бонк маросими расонаӣ намудани шартномаи ҳамкорӣ миёни Амонатбонк ва Федератсияи футболи Тоҷикистон доир гардид.
Нахуст муовини раиси Раёсати Бонк Ризвонзода Ф.З. иброз доштанд, ки футбол яке аз намудҳои варзиши рў ба инкишоф дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар миёни аҳолӣ маҳбубияти хосса касб намуда, ҷиҳати боз ҳам рушд бахшидани он барномаи давлатӣ қабул гардидааст.
Тазаккур дода шуд, ки Амонатбонк ҳамчун бонки давлатӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ ба соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад.
Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов дар навбати худ қайд намуданд, ки дастаи футболбозони Амонатбонк дар чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал яке аз дастаҳои пурқувват ва фаъол ба ҳисоб рафта, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд ва ба ин васила саҳми бевоситаи худро дар рушди футболи кишвар мегузоранд.
Баимзорасии шартномаи ҳамкорӣ миёни “Амонатбонк” ва Федератсияи футболи Тоҷикистон қадами устувор дар ҷодаи саҳмгузорӣ ҷиҳати рушду пешрафти футболи мамлакат унвон гардид.