Фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар шаҳри Турсунзода

25 июн 2025

Санаи 25-уми июни соли ҷорӣ бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон ва иштироки ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ дар доираи фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар Кохи дӯстии шаҳри Турсунзода форуми саводнокии молиявӣ ва намоиши маҳсулотҳои молиявӣ баргузор гардид. Фестивали мазкур дар асоси “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамӣ, огаҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар бораи маҳсулот ва хизматрасонии гуногун, инчунин ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ пешбинӣ гардидааст.

Филиали №15 Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” дар фестивали мазкур фаъолона ширкат варзида, маҳсулоти бонкӣ ва хизматрасониҳои худро ба ҳозирин пешниҳод намуд.

Ба иштирокдорон оид ба маҳсулотҳои бонкӣ алалхусус воситаҳои пардохти ғайринақдӣ аз қабили барномаи мобилии “Амонат-мобайл” инчунин кортҳои пардохтӣ, «Интернет-банкинг», пешниҳоди қарз, намуди пасандозҳои бонкӣ ва ғайра маълумот пешниҳод карда шуд.

Дар баробари ин дар рафти фестивал аз ҷониби кормандони “Амонатбонк” ба меҳмонону иштирокдорони фестивал туҳфаҳои брендии Бонк тақдим карда шуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк