Таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар “Амонатбонк”
Санаи 26-уми июни соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” бо иштироки муовини якуми Раиси Раёсат Худоёрзода Х.Б., муовини Раиси Раёсат Сафарзода Р.С. ва доираи васеъи кормандон бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Нахуст муовини якуми Раиси Раёсат Худоёрзода Х.Б. ҳозиринро бо санаи бисёр арзишманду таърихӣ, 28-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, ёдовар шуданд, ки омили асосии расидан ба сулҳу салоҳ ва ризояти миллӣ, пеш аз ҳама тафаккури созандаву иродаи шикастнопазири миллати тоҷик ва саҳми арзандаи фарзанди фарзонаи миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Қайд гардид, ки маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар як муддати кутоҳ ба ҷанги бародаркуш хотима дода шуд. Рӯзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо ҳайати мухолифин сулҳ баста шуд, ки он рӯз дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик ҳамчун Рӯзи Вахдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамасола бо як ҳисси баланди ватандорӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар идомаи чорабинӣ аъзоёни фаъоли Шӯрои ҷавонони Бонк низ суханронӣ намуда, иброз намуданд, ки Ваҳдати миллии тоҷикон ҳамчун намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ гаштааст. Дар кишвари азизу маҳбуби мо якдилӣ, сарҷамъӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ бараъло ба чашм расида, нуру зиёи ваҳдат тули 28-сол аст, ки дар фазои ватани соҳибистиқлоламон танинандоз буда, зери шуои он мардуми сарбаланди кишварамон зиндагии орому осударо пушти сар менамоянд.
Баргузории ҷаласа оид ба пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд
Фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар шаҳри Турсунзода