Таҷлили «Рўзи иттифоқҳои касаба» дар Амонатбонк
Санаи 24-уми октябри соли 2023-юм дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” бахшида ба Рўзи иттифоқҳои касаба бо иштироки раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони “Амонатбонк” Нидозода Д., раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон Назарзода Н.Ҷ. ва кормандони дастгоҳи марказии Бонк ҷаласа баргузор гардид.
Нахуст раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони “Амонатбонк” ҳозиринро бо Рўзи иттифоқҳои касаба табрику таҳният гуфта, қайд карданд, ки имрӯз Иттифоқҳои касабаи кишвар мардумитарин созмони мамлакат ба шумор рафта, ҷиҳати мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлол ва давлатдории навини тоҷик, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд саҳми арзишманд мегузорад.
Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва хусусан, бо Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқҳои касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкҳо робитаҳои зичи ҳамкорӣ дорад, ки чунин робитаҳо сол то сол бештар густариш ёфтаву мустаҳкам мегарданд.
Дар идома раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон ба сухан баромада, иброз доштанд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шуруъ аз соли 2022 дар кишварамон ҳамасола рӯзи 24-уми октябр ҳамчун «Рӯзи иттифоқҳои касаба» ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва мақоми Иттифоқҳои касабаи кишвар хеле боло рафта, робитаҳои он ҳамчун пайвандгари манфиатҳои мардум ва давлат таҳким ва густариш ёфтанд.
Фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони “Амонатбонк” низ назаррас арзёби гардида, гуфта шуд, ки Раёсати КВД Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии кормандони худ ва аъзои хонаводаи онҳо таваҷҷуҳи хоса медиҳад, ки ин албатта шоистаи ифтихор аст.
Дар анҷоми чорабинӣ як қатор кормандони Бонк аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони “Амонатбонк” ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Тоҷикистон бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.













