Мизи мудаввар дар мавзўи «Ҷалби бонувон ба фаъолият дар низоми бонкӣ»
Санаи 20-уми октябри соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” бо ибтикори бевоситаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзўи «Ҷалби бонувон ба фаъолият дар низоми бонкӣ» баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар муовини Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Сайфзода Ш.Ҷ., сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахри Душанбе Зуҳурзода Зарина Ҳабибулло, вакили Маҷлиси намояндагон Дустмуродзода Сураё ва кормандони Бонк - аз ҳисоби занону бонувон иштирок доштанд.
Нахуст вакили Маҷлиси намояндагон Дустмуродзода Сураё ба сухан баромада зикр намуданд, ки мақому манзалати зан-модар дар ҷомеаи мутамаддини мо ҳамеша болост ва дар ин маврид ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумат алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа бараъло эҳсос мегардад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои охир як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро ба тасвиб расонид, ки ҳамаи онҳо пеш аз ҳама барои таъмини зиндагии осуда ва баланд бардоштани мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа мебошад.
Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зуҳурзода Зарина дар идома иброз доштанд, ки занони тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим дар ҷомеа нақши бориз доштанд. Онҳо бо фазилату накӯгавҳарӣ фарҳанги ҷомеаи моро пеш бурда, дар он тухми меҳру садоқат ва илму маърифатро кошта, онро пояндаву ҷовидон ва давомдори кишвари маҳбуби хеш нигоҳ доштаанд. Занон дар баробари мустаҳкам нигоҳ доштани оилаи солим хизмат ба давлату миллатро шарафи бузург ҳисобида, дар пешрафти он ҳамеша саъю талошҳо ба харҷ додаанд.
Муовини Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Сайфзода Ш.Ҷ. дар мавзӯи “Ҷалби бонувон ба фаъолият дар низоми бонкӣ” бо рӯнамо баромад намуда, зикр намуданд, ки дар даврони соҳибистиќлолии Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон, бо таваҷҷуҳи хоси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маќоми зан-модар дар заминаи кабули санадҳои меъёрии ҳукуќӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ин аст, ки занону бонувони кишвар дар радифи рисолати модарӣ, бо як нерўи хосса дар тамоми соҳаҳо фаъолияти пурсамар доранд.
Аз ҷумла, дар Амонатбонк ба ҳолати имрўза шумораи 1362 нафар занон (47%) фаъолият доранд.
Дар заминаи эътимод ва дастури бевоситаи Пешвои муаззами миллат ва дастгирию таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти Бонк, шумораи бонувон дар Амонатбонк сол аз сол зиёд шуда истодааст.
Боиси қайд аст, ки дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти баланд бардоштани мақому манзалати зани тоҷик ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешниҳод намудани онҳо, имрўзҳо дар Бонк 29 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва 59 нафар ҳамчун сардорони воҳидҳои сохторӣ фаъолият менамоянд.
Боиси ифтихори ҳар як бонуи соҳибватан аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Дар партави ин сиёсати беназир, барои фаъолияти пурсамари занон дар Амонатбонк тамоми шароитҳои муосиру мусоиди кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шуда, занону бонувон мекӯшанд то дар рушди низоми бонкии кишвар саҳми бевоситаи худро гузошта бошанд.













