Ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар нуҳ моҳи соли 2023
Санаи 13-уми октябри соли ҷорӣ дар бинои дастгоҳи марказии Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” доир ба натиҷаҳои фаъолияти “Амонатбонк” дар нуҳ моҳи соли 2023-юм ҷаласа доир гашт.
Ҷаласа бо иштироки Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С., муовинони Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., ва Сайфзода Ш.Ҷ., сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, мудирон ва сармуҳосибони филиалҳои КВД БА ҶТ “Амонатбонк” баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа муовини Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З. баромад намуда, фаъолияти КВД БА ҶТ “Амонатбонк”-ро дар давоми нуҳ моҳи соли 2023-юм натиҷагирӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ Бонк сайъу кўшиши худро баҳри татбиқи босамари дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар паёми солона, инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияти соҳа барои соли 2023 равона намуда, дар ҳаҷми 93,8 млн. сомонӣ даромади соф ба даст овардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,6% зиёд мебошад.
Бонк дар 9 моҳи соли 2023 дар маҷмуъ 63,8 млн. сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳои ҳатмиро аз рӯи фаъолияти худ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ гузаронидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41,1% зиёд мебошад.
Амонатбонк ҷиҳати саҳмгузории назаррас дар низоми бонкӣ дар 5 соли оянда тавассути пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат, инчунин бо дарназардошти эълон шудани солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат», дар самти ҳамасола зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ чораҳои амалӣ андешида истодааст.
Бонк ба ҳолати 30 сентябри соли 2023 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 42 ҳазор муштарӣ 1,4 млрд. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст. Дар натиҷа, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми қарздиҳӣ 21,3% ва шумораи қарзгирон 11,9% зиёд гардидааст.
Бонк ба пешниҳоди қарзҳои истеъмолӣ низ, ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи олии кишвар-таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як сокинони кишвар, диққати махсус зоҳир намуда истодааст.
Дар ин раванд, бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи дигар барномаҳои давлатӣ дар самти дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, инчунин дастгирии занони соҳибкори кишвар, Бонк иқдомҳои қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Баҳор-2023», «Автоқарз», «Занҳои муваффақ» ва «Таҳсил-2023» роҳандозӣ намудааст.
Боиси қайд аст, ки Амонатбонк бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар самти сохтмон ва васеъ гардонидани манзили истиқоматӣ, инчунин имконият барои харидории манзилҳои истиқоматӣ, “Қарзҳои ипотеки”-ро низ ҷорӣ намудааст.
Дар идома гуфта шуд, ки дар натиҷаи эътимоди аҳолӣ ба Амонатбонк, шумораи пасандозгузорон дар Бонк ба зиёда аз 2 млн. нафар расидааст.
Дар натиҷа, бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар Амонатбонк ба санаи 30 сентябри соли 2023 маблағи наздики 5 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,2% зиёд мебошад. Бонк аз рўи ин нишондиҳанда дар низоми бонкии кишвар яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст.
Боиси зикр аст, ки дар иртибот ба иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” фаъолияти Бонк ба таври назаррас ба роҳ монда шудааст.
Чунончӣ дар бахши ташкилоту муассисаҳои давлатӣ 1811 адад ва дар бахши хусусӣ бошад зиёда аз 722 адад постерминалҳо мавриди истифода қарор дода шудааст, ки барои анҷом додани амалиётҳои хариди молу хизматрасониҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ истифода мешаванд. Ҳамчунин, раванди насб намудани QR-рамзи ягона дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ва муассисаҳои давлатӣ бомаром идома дорад. Ба ҳолати 30.09.23 шумораи умумии нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, ки дар онҳо QR-рамзи ягонаи IFT EQMS ба қайд гирифта шуда, ба 1669 адад баробар шудааст.
Дар маҷмуъ ба ҳолати 30-юми сентябри соли 2023-юм дар филиалҳо, МХБ-ҳо, нуқтаҳои иловагии қисмҳои амалиётӣ, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ зиёда аз 3560 адад постерминал барои истифода пешниҳод шуда, ин раванд вобаста аз дархостҳои воридшаванда ру ба афзоиш дорад.
Ҳамзамон бо чораҳои болозикр, ҷиҳати зиёд намудани шумораи кортҳои пардохтӣ, оммавӣ гаштани пардохтҳои ғайринақдӣ ва ҳавасмандгардонии мизоҷон кортҳои пардохтии “Фарогир” интишор гардида, ройгон ба мизоҷон дастрас шуда истодааст. Ба ҳолати 30 сентябри соли ҷорӣ зиёда аз 490 ҳазор корт ба аҳолӣ тақсим гардидааст.
Маҳсулоти дигари бонкӣ, ки ба рушди хизматрасониҳои фосилавӣ ва фаврии мизоҷон такон мебахшад ин барномаи мобилии “Амонат-мобайл” барои тамоми мизоҷон ва Интернетбонкинг барои шахсони ҳуқуқӣ мебошад.
Дар идомаи ҷаласа ҳисоботи мудирони филиалҳо оид ба натиҷаи фаъолияти филиалҳои КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат давоми 9 моҳи соли 2023-юм низ пешниҳоди ҳозирин карда шуд.
Дар хотимаи ҷаласа Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. қайд намуданд, ки Амонатбонк ҳамчун бонки давлатӣ сиёсати иҷтимоии давлатро амалӣ намуда дар самти пешниҳоди хизматрасонҳои бонкӣ ба аҳолии кишвар саҳмгузор мебошад. Аз ин рӯ аз ҳар як нафар корманди Бонк талаб карда мешавад, то бо виҷдони пок фаъолияти рўзмараи хешро ба роҳ монда, дар самти рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми бевоситаи худро гузошта бошанд.
Ҳамчунин, доир ба масъалаҳои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар мамлакат, ба таври васеъ ба роҳ мондани хизматрасониҳои нав бо истифода аз технологияҳои муосири рақамӣ ва устувор гардонидани мавқеи Бонк ҳамчун бонки давлатӣ дар бозори байнибонкии кишвар, андешидани чораҳо дар самти баланд бардоштани маърифатнокии молиявӣ ва фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, тақвият бахшидани фаъолият ҷиҳати такмили савияи касбии кормандони Бонк доир ба истифодаи технологияи рақамӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ, махсусан ба соҳибкории хурду миёна, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ суханронӣ карда шуд.













