Таҷлили “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Амонатбонк

06 октябр 2023
Чуноне ба ҳамагон маълум аст аз соли 2009-ум инҷониб санаи 05-уми октябр дар саросари мамлакат “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад.

Бахшида ба ин санаи таърихӣ ва гиромидошти забони давлатӣ, дар Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки муовини Раиси Раёсати Бонк Ризвонзода Ф.З., муовини Раиси кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода С.Р., ҳунарманди халқии Тоҷикистон, ҳунарпешаи театр ва кино Ортиқ Қодир ва аҳли кормандони Амонатбонк чорабинии тантанавӣ доир гашт.
Дар оғоз муовини Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З. суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ин санаи таърихӣ “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, табрику таҳният гуфта, зикр намуданд, ки забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи ҳастии хеш ҳамчун пурарзиштарин падидаи фарҳанги тоҷикон симои миллати куҳанбунёди моро ба таври шоиста муаррифӣ намудааст.

Муовини Раиси кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода С.Р. низ бо таваҷҷуҳ ба таърихи бою пурғановати забони давлатӣ таъкид карданд, ки забони тоҷикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст.
Гуфта шуд, ки олитарин маҳсули тафаккури бузургони ҷаҳони андеша, адабиёт, илму маориф ва фарҳанги тоҷик маҳз тавассути забони тоҷикӣ то замони мо расида, ҳамчун нодиртарин ганҷинаҳои ақлонии соҳибзабонон муаррифӣ шудаанд.

Дар анҷоми чорабинӣ бошад ҳунарпешаи театр ва кино Ортиқ Қодир бо қироат намудани шеърҳои ноби тоҷикӣ дар васфи забони давлатӣ хотири ҳозиринро шод намуданд.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк