Мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати Амонатбонк муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо Директори генералии филиали China Construction Bank- и Ҷумҳурии Халқии Хитой

28 сентябр 2023

Санаи 27 сентябри соли 2023 мулоқоти Раиси Раёсати Амонатбонк муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо Директори генералии филиали China Construction Bank- и Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Ван Сунхуа баргузор гардид, ки дар он нақшаҳои оғози ҳамкориҳои дуҷониба мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Мулоқоти мазкур бо ташаббус ва дархости ҷониби China Construction Bank баргузор гардид, он паҳлӯҳои муҳими оғози ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои мухталифи бонкдорӣ, тавсеаи муносибатҳои муросилотӣ дар заминаи он тақвият бахшидани амалиёту пардохтҳо бо асъорҳои хориҷӣ, дарёфти масирҳои нави ҳамкорӣ байни бонкҳо ҳамчунин, ҷалби сармояи мустақим ва кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар маҷмӯъ мулоқоти дуҷониба дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми ҷонибҳо баргузор гардида, нақшаи ҳамкориҳои муштарак байни роҳбарони бонкҳо баррасӣ гардид.
Амонатбонк ҳамчун, як институти молиявии кишвар ҳамеша кӯшиш менамояд, ки дар рушди босуботи иқтисоди миллӣ саҳми арзандаи худро гузорад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк