Ташрифи гурухи кории ҶС "Беларусбанк" ба КВД БА ҶТ "Амонатбонк" ҷиҳати иштирок намудан дар семинари табодули таҷрибаи тарафайн

28 сентябр 2023

Санаи 27-28 сентябри соли ҷорӣ гурӯҳи кории ҶС "Беларусбанк" таҳти роҳбарии директори департаменти муносибатхои байналхалки директори ҶС "Беларусбанк" Амарин Алексей ва 6 нафар роҳбарони филиалҳои минтакавии ҶС "Беларусбанк" барои иштирок намудан дар семинари табодули таҷрибаи тарафайн ба бинои марказии Амонатбонк ташриф оварданд.

Семинари мазкур бо ташаббуси роҳбарияти КВД БА ҶТ "Амонатбонк" баргузор гардида, дар он масъалаҳои барои ҷонибҳо муҳим мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуданд.

Сипас аз ҷониби роҳбарони воҳидҳои сохтории КВД БА ҶТ "Амонатбонк" рӯнамоиҳо дар мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла:

1.    Дурнамои рушд ва мавқеъи Амонатбонк дар бозори бонкии Чумҳурии Тоҷикистон;

2.    Муносибатҳои муросилотии Амонатбонк бо бонкҳои кишварҳои хориҷї;

3.    Маблаѓгузории савдо ва сиёсати қарзии Амонатбонк;

4.    Дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли 2023;

5.    Маҳсулотҳои Амонатбонк барои мизоҷони корпрративї;

6.    Ҳамкориҳои Амонатбонк бо ташкилотҳои молиявиии байналхалқї, ҳамчунин бо бонкҳои аъзои ИББ СҲШ;

7.    Маркази протсессингии низоми пардохти «Корти Миллї».

Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, санаи 28 сентябр тибқи Барномаи чорабинии мазкур, гурӯҳи кории ҶС "Беларусбанк" ба якчанд мавзеъҳои таърихии шаҳри Душанбе ташриф оварда аз таърихи қадимаи мардуми тоҷик ва пешрафту дастовардҳои муосири имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик ошнои пайдо намуданд.

Дар маҷмӯъ мавзӯъхое, ки дар кори чорабинии табодули таҷриба мавриди баррасии иштирокдорон қарор дода шуданд, ба талаботҳои имрӯзаи ҷаҳони муосир ҷавобгӯй буда, ҷиҳати дар ин самт ба роҳ мондани фаъолияти Бонк ва филиалҳои он заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

 


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк