Таҷлили Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амонатбонк
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки муовини раиси раёсати Бонк Сафарзода Р.С., доктори илмҳои таърих, профессор, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - Сайфулло Муллоҷонов ва ҳайати кормандони Бонк ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ муовини раиси раёсати Бонк ҳозиринро бо 32-юмин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди мамлакат санаи таърихӣ ва рамзи соҳибихтиёрии давлатӣ, волоияти қонун, ваҳдати миллӣ, адолати иҷтимоӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади муайянкунандаи сохтори давлат ва низоми ҳокимияти давлатӣ, балки асоси ҳуқуқии ташаккул ва рушди муносибатҳои иқтисодӣ, молиявӣ, соҳибкорӣ ва фаъолияти бонкӣ низ ба ҳисоб меравад.
Яке аз арзишҳои меҳварии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
Тибқи моддаи 5 Конститутсия, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Ин муқаррароти конститутсионӣ барои тамоми соҳаҳои фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла муносибатҳои бонкӣ, аҳаммияти мустақим дорад. Иброз гардид, ки ҳар як корманди бонк вазифадор аст, ки дар муносибат бо мизоҷон принсипҳои қонуният, адолат, баробарӣ, эҳтироми шаъну шарафи инсон ва ҳифзи манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро риоя намояд.
Хизматрасонии босифати бонкӣ танҳо бо суръати анҷом додани амалиёти молиявӣ маҳдуд намегардад. Он муносибати эҳтиромона ба мизоҷ, пешниҳоди маълумоти саҳеҳ, риояи талаботи қонунгузорӣ, таъмини махфияти маълумот ва ҳалли саривақтии муроҷиатҳоро низ дар бар мегирад.
Сипас доктори илмҳои таърих, профессор, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - Сайфулло Муллоҷонов низ ба суханронӣ баромада, перомуни моҳият ва арзиши қонуни олии давлат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Мавсуф зикр намуд, ки дар Конститутсия таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи асосии давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид.
Дар идома сардори идораи кормандони Бонк Фаррухзода С. низ ба сухан баромада, иброз дошт, ки Конститутсия шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъминкунандаи сарнавишти миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар буда, барои ҳифзи истиқлолият, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард.













