Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Амонатбонк

24 ноябр 2025

Санаи 24-уми ноябри соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ муовини якуми раиси раёсати Бонк Худоёрзода Х.Б., Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров, Директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Мавзуна Чориева, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Точикистон Абдуллозода Муҳаммадшо ва директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов иштирок доштанд.

Нахуст муовини якуми раиси раёсати Бонк Худоёрзода Х.Б. ҳозиринро бо яке аз санаҳои воқеъан таърихӣ барои халқи тоҷик, Рӯзи Парчами давлатӣ табрику таҳният намуда, иброз доштанд, ки Парчами давлатӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Боиси зикри хос аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва хираду ҷасорати ҷавонмардонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо соҳиби давлати мустақил гардидем, ки имрўз дар тамоми гушаю канори он “Майдони парчам” бунёд гардида, ба корзори нангу номуси миллӣ табдил ёфтааст. Ин ҳама аз ватандўстӣ, ҷоннисорӣ ва хизматҳои бузургӣ Пешвои муаззами миллат шаҳодат медиҳад.

Дар ҳамин росто Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ва Директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Мавзуна Чориева таасуроти хешро перомуни иштирок дар бозиҳои олимпӣ ва муаррифии кишвари азизамон зери ливои Парчами давлатӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ иброз доштанд.

Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Точикистон Абдуллозода Муҳаммадшо ва директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов низ бо истифода аз фурсат ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатӣ табрику таҳният гуфта, қайд карданд, ки рамзи муқаддаси миллии мо Парчами давлатӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат парафшонӣ мекунад ва барои дастоварду пирӯзиҳои фарзандони арзандаи миллат дар кишварҳои гуногуни олам баробари садо додани Суруди миллӣ афрохта мешавад.

Дар идома ҳуқуқшиноси асосии департаменти қарздиҳӣ Гулмуродзода Б. бобати таърихи пайдоиши Парчам ба ҳозирин маълумот дода, иброз доштанд, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Ватани азизамон аввалин рамзи давлатдорие, ки дар ҷумҳурӣ қабул шуд, Парчами давлатӣ буда, имрӯз чун дигар давлатҳои ҷаҳон Тоҷикистон бо ҳамин рамзҳои давлатдориаш дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, маҳбубияти хос пайдо намудааст.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк