Амонатбонк ғолиби мусобиқаи варзишии тенниси руи миз дониста шуд.

21 ноябр 2025

Дар пойтахт маросими тантанавӣ-ҷамъбастии мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол ва тениси руи миз байни кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар вазорату корхонаҳои давлатӣ доир гардид.

Мусобаиқаи варзишӣ дар доираи “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонии кормандон, таҳкими ҳамкории мутақобила ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ташкилу баргузор гардид.

Бозии пуршидати дастаҳо ва маҳорати баланди иштирокчиён нишон дод, ки кормандони сохторҳои давлатӣ натанҳо дар вазифаҳои хизматии худ балки дар майдони варзиш низ фаъолу намунавӣ мебошанд.Дар бахши волейбол рақобатҳо бо шиддати хоса сурат гирифта, дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо бозии ҷолиби худ ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Дар бозии тениси руи миз, ки бештар ҳунару зиракии инфиродиро талаб мекунад кормандони КВД БА ҶТ “Амонатбонк” беҳтарин натиҷаро нишон дода, дар мусобиқаи даставии тениси руи миз дастаҳои 1 ва 2-и Амонатбонк миёни вазорату корхонаҳои давлатӣ сазовори ҷойи якум ва сеюм гардиданд.     Дар мусобиқаи инфиродии тенниси руи миз бошад кормандони Бонк ғолиби ҷойи дуюм ва сеюм гардиданд. Ғолибон аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо диплом, ҷом ва медал қадрдонӣ карда шуданд.



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк