Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амонатбонк
Санаи 14-уми ноябри соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ раиси раёсати Бонк Салимзода А.А., муовини якуми раиси раёсат Худоёрзода Х.Б., муовини раиси раёсат Сафарзода Р.С. роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Бонк, аҳли кормандон ва устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон номзади илмҳои таърих, Давлатшоҳ Маҳмудов иштирок доштанд.
Нахуст роҳбарияти Бонк ҳозиринро бо санаҳои воқеан таърихӣ ва фархунда, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, зикр намуданд, ки таҷлили Рӯзи Президент – ба хотири арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги шахсиятест, ки умри хешро сарфи роҳи ободиву осудагии Ватан ва хушбахтии миллат намудаанд.
Ҳамзамон, дар ин рўз рўйдоди му ҳими таърихии дигар низ дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистони со ҳибистиқлол ба амал омадааст, ки дар тақдири минбаъдаи давлату миллат арзиши наҷотбахш дорад.
Ин рўйдоди тақдирсоз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Гуфта шуд, ки роҳи тайнамудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намунаи барҷастаи истеъдоди роҳбарӣ ва ифтихормандии мардуми тоҷик буда, Рӯзи Президент нишони эҳтироми самимонаи тамоми сокинони мамлакат ба хизматҳои бесобиқа ва шоҳкориҳои беназири Пешвои миллат мебошад.
Дар идома устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Давлатшоҳ Маҳмудов ба сухан баромада, қайд карданд, ки таърихи халқи тоҷик саҳифаҳое дорад, ки бо ҳарфҳои заррин навишта шуда, дар сарнавишти миллати мо нақши ҳалкунанда гузоштаанд. Яке аз ин саҳифаҳои дурахшон Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имрӯз мардуми сарбаланди кишвар бо хушнудӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу субботи сартосарӣ дар мамлакат ва сиёсати сулҳҷуёнаи Пешвои муаззами хеш аз 33-юмин солгарди ин рӯйдоди муҳиму фараҳбахш таҷлил менамоянд.
Барои миллати тоҷик баргузории ин рӯйдоди фараҳбахш воқеан ҳам тақдирсозу сарнавиштсоз аст, зеро он Тоҷикистони тозаистиқлолро аз вартаи нобудшавӣ нигаҳ дошт, заминаҳоеро барои рушди минбаъдаи ин миллату давлат фароҳам овард.
Яке аз аҳамияти таърихии ин Иҷлосия интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, зеро беҳокимиятӣ, набудани сарвар, пешвои раҳнамову раҳкушо боиси пайдо шудани гурӯҳҳо гардида, ба аланга задани оташи ҷанги шаҳрвандӣ боис мегашт.
Аз ин рӯ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Роҳбарияти Олии кишвар, интихоби оқилона буд, зеро вакилон ба хубӣ медонистанд, ки барои бартараф намудани вазъияти ҳассоси кишвар дар садри он нафаре лозим аст, ки пеш аз ҳама, иродаи қавӣ, дониши баланд, ҷасорат ва матонати худодод дошта бошад ва ҳамин гуна хислатҳоро дар симои мӯҳтарам Пешвои муаззами миллат дарёфтанду иштибоҳ накарданд.
Сардори шуъбаи маркетинги раёсати Бонк Ҷалолзода Беҳруз низ муҳимият ва арзиши таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода, қайд намуданд, ки ин сана барои мардуми Тоҷикистон ҳамчун рӯзи худогоҳиву худшиносии таърихӣ ва ифтихори миллӣ, рӯзи саодату озодандешӣ, рӯзи эҳёи дубораи миллату давлатдорӣ азму маром ва гузоштани қадамҳои устувор ба хотири рушду ободонии Ватани маҳбубамон маҳсуб меёбад.
Маҳбубияти халқ нисбат ба Пешвои муаззами миллат аз самимияту муҳаббати бузурги худи Роҳбарияти Олии кишвар ба ҳамватанон ва меҳани азиз маншаъ мегирад, ки дар пайроҳаи ноҳамвори сулҳу ваҳдатофарӣ, баргардондани ҳамдиёрон аз ғарибӣ, бунёдгузории давлати соҳибистиқлол, таҳкими рукнҳои давлатдориву эҳёи дубораи фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва рушду нумӯи минбаъдаи он, ҳама ҳастии худро бахшидаанд.













